Паёми табрикотии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Исфара Баҳодурзода Баҳоваддин ба муносибати Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз мардуми шарафманди Тоҷикистон 28 - умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамонро дар фазои орому осудаи Ватан ва бо руҳияи баланди ватандӯстиву ифтихор аз давлатдории мустақили миллӣ таҷлил менамоянд. Бо ин муносибат, ҳайати шахсии ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамалакат ва сохторҳои қудратиро, ки дар қаламрави шаҳри Исфара амал мекунанд, инчунин Шумо ҳозирини муҳтарам ва дар симоятон кулли ҳамдиёронро самимона табрик мегӯем. Мусаллам аст, ки ягон давлат бе Артиши миллии муқтадир ва муҷаҳҳаз пойдор нест, зеро тавре Президенти мамлакат – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоса изҳор доштаанд: -“Артиши муқтадиру неруманд сипари асосии мамалакат, кафили амният ва зиндагии осоиштаи мардум маҳсуб мешавад”. Бо гузашти 28 - сол аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, қаноатмандона метавон гуфт, ки маҳз бо шарофати сиёсати ояндасоз ва сарварии Сарфармондеҳии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар ин муддат ба сохтори муташаккил табдил ёфт. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарор кардани сохти конститутсонӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ошӯбҳои хиёнаткорона, кӯшишҳои табаддулотӣ ҳарбии хоинони миллат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизматҳои фидокоронаро анҷом дода, аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузаштанд. Дар раванди ташаккулёбии сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ дар шаҳру деҳоти Исфара низ қисмҳои ҳарбии тобеъи Вазорати мудофиа, қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидаанд, ки ин рӯзҳо садҳо нафар ҷавонписарон аз гӯшаю канори мамлакат ӯҳдадории шаҳрвандии худро дар ҳайати ин ҷузъу томҳо сарбаландона ба ҷо меоранд. Имрӯз мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки мардуми Тоҷикистон дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёну муҳофизони боэътимоди худро мебинанд ва дилпуррона бо роҳи бунёдкориву созандагӣ пеш мераванд. Мехоҳам махсус қайд намоям, ки маҳз бо шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва хизматчиёни дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат имрӯз дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор аст ва мардум зиндагии осоишта доранд. Аз ин ҷост, ки сипосгузориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, миннатдориҳои самимонаи мардуми Исфара ва шахсан худамро ба ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, қисми сарҳадӣ ва хизматчиёни дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр барои хизмати содиқонаашон сидқан баён менамоем. Мо борҳо ва амалан бовар кардаем, ки Шумо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар чунин қудрату нерӯ ва қобилияту зиракиро доред ва ҳамеша ба иҷрои рисолати муққадаси худ, яъне ҳифзи модар - Ватан ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омода ҳастед. Дар интиҳо бори дигар ҳайати шахсии ҳамаи ҷузъу томҳо, тамоми хизматчиёни қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои қудратии дар шаҳри Исфара амалкунанда, дар маҷмуъ кулли ҳамдиёронро ба муносибати рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик намуда, ба ҳомиёни воқеии кишвар саломативу хонаободӣ, дар ҳифзи осудагиву оромии Ватан барори кор таманно дорам. Ба кишвари маҳбубамон – Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр суботу оромии ҷовидонӣ, ба ҳар яки Шумо тансиҳативу хушбахтӣ, рӯзгори хушу осуда ва ҳифзи сарзамини муқаддаси аҷдодӣ бурдбориҳо орзу менамоям. Идатон муборак муҳофизони далеру шуҷои Ватан!

Хабарҳои нав