Тачлили Рӯзи Артиши миллӣ

Мардуми шарафманди Исфара 28 - умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамонро дар фазои орому осудаи Ватан ва бо руҳияи баланди ватандӯстиву ифтихор аз давлатдории мустақили миллӣ таҷлил намуданд. Ба ин муносибат дар Кохи фарњанги маркази шаҳр чорабинии пуршукӯҳи идона доир гардид. Зимни ҳамоиши тантанавӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Исфара Бањоваддин Бањодурзода афсарону сарбозон, собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳ ва кулли ҳозиринро бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ табрик намуда, саҳми онҳоро дар пойдории амну суботи ҷомеа ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат назаррас арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рўзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди ин ниҳоди қудратӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шуданд. Имрўз ифтихор дорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ бо сарбаландӣ баромада, давлат ва мардуми Тоҷикистон дар симои хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони далеру шуҷои марзу буми Ватанро мебинанд. Бо ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон Артиши миллӣ қодир аст амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватанамонро пурра таъмин намояд. Зеро, қудрату тавоноӣ ва омодагии комили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳамагуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит гаштааст. Мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи хеш чун нерўи тавоно ва таъмингари осоиши ҳаёт ифтихор мекунад. Таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такмили фаъолияти қисмҳои низомии ҳудуди вилояту шаҳр, беҳтар гардонидани шароити зиндагии афсарону сарбозон солҳои охир дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар пайгирӣ аз сиёсат ва иқдомоти роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба таъминоти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо захираҳои моддиву техникӣ, инчунин фароҳам овардани заминаҳои зарурии ҳуқуқӣ барои сохтору мақомоти зикршуда мунтазам чораҷӯйӣ менамояд ва ҷиҳати ҳарчи беҳтар гардонидани шароити хизмат ҳамаи имкониятҳоро сафарбар месозад. Маҳз бо шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва хизматчиёни дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат имрӯз дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор аст ва мардум зиндагии осоишта доранд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки афсарону сарбозони шуҷоъ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ ҷавонмардона адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд. Сипас зери оҳанги мутантан ба беҳтарин афсарону сарбозон, штирокчиёни барқароркунии сохти Конститутсионӣ ва фаъолон Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд. Барномаи консертии аҳли фарҳанг, ки аз суруду рақсҳои тараннумкунандаи Ватани маҳбуб, сулҳу субот, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва истиқлолияти милливу давлатӣ иборат буд, ҳамоишро шукуҳи тоза бахшид. Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи чорабиниҳои идона роҳбарияти МИХД-и шањр барои муборакбодӣ ва аёдат ба манзили чанде аз чеҳраҳои саршиноси шаҳру деҳоти Исфара рафтанд. Бахшида ба ин санаи фархунда дар қисмҳои низомии шаҳр низ чорабиниҳои идона баргузор гардида, барои хизматичиёни ҳарбӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дастурхони идона ороста шуда, барномаи консертии гурӯҳхои ҳунарии назди Бахши фарҳанги шаҳр пешкаш карда шуд.

Хабарҳои нав