Хушхабари рӯз: ДАР МАРКАЗИ ВОРУХ СУТУНИ ҒУРУРУ ОРУ НОМУСУ ШАРАФ ҚАД АФРОХТ!

Рӯзи 21 феврали соли 2021-ро метавон ба ҳайси як рӯзи неку саид ва хушу хотирмон дар зиндагиномаи ворухиёни азиз сабт намуд. Рӯзи қад афрохтани сутуни барқади парчами миллӣ дар маркази деҳаи наздисарҳадии Ворух, ки 48 метр баландӣ хоҳад дошт. Сутуни барқади парчами миллӣ, ки аз чаҳор суйи Ворухи азиз парчами миллии парафшони мо башорат аз сарфарозиву пирӯзии мардуми сарбаланди мо ба аҷнабиён хоҳад дод. 1000 аҳсан ба ҷавонмардони баору бономуси ворухӣ, ки ба ин иқдоми ҷавонмардона камари ҳиммат бастаанд. Агар, ки сутуни парчами пештара ҳамагӣ 27 метр баландӣ дошт, бо ҳиммату ғайрати фарзандони ватандӯсташ шукӯҳи он анқариб ду баробар меафзояд. Ин рӯз, дар ин маросими бунёдкорӣ иқдомгарону ташаббускорони ин амали ватандӯстона – шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси ҷамоати деҳоти Ворух Меҳринисо Раҳматова ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштаву ба унвонии ҷавонмардони ватандӯсту олиҳиммати ворухӣ, ки ин иқдоми меҳанпарастонаро амалан дастгирӣ доранд, сидқан изҳори сипос намуданд. Метавон гуфт, ки имрӯз аслан рӯзи сарфарозии фарзандони асили Ворухи азиз – саркору ташаббускор Таибиддин Мухамедов, сармеъмор Абдумубин Фаттоев, соҳибкорону муҳоҷирони баландҳиммати ворухии маскуни шаҳрҳои Москва, Новосибирск ва Самара - Сорбон Савриддинов, Юсуфхӯҷа Тухтамишов, Сулаймон Узоқов, саркори сохтмончиён Суҳробиддин Решаев, саҳмгузорон Сахиювло Саидаминзода, Абдуҷалил Савриддинов, Ғафурҷон Ҷӯраев, Ҳалимбой Шокиров, Зуҳурулло Зоидбоев, Файзуллобек Мукаррамов, Шавкат Бобозода, Рустам Шомирсаидов, Суруриддин Зиёваддинзода ва даҳҳо нафар накӯфарзандони диёр маҳсуб меёбад. Ин оғози кор аст. Оғози амалҳои ватандӯстона! Ва мо самимонаю сидқан арзи сипом менамоем, ба якояки фарзандони ватандору эҳсонкори ворухӣ, ки ин рӯзҳо дар ободонии кӯчаю маҳаллаҳои худ саҳмгузорӣ доранд. Ҳар як сангу ҳар як хишти барои ободонии зодгоҳ гузоштаи мо- ин саҳми бузургу бебаҳои мо дар устуворсозии марзи давлатӣ аст! Мо бо якояки Шумо ифтихор дорем, соҳибкорону муҳоҷирини ватандӯсти зодаи Ворух- фарзандони асилу дилбанди Ворух! Биёед, Ворухи азизро аҳлонаю дастҷамъона обод кунем! Мо метавонем! Мо қувваи бузургем!!! Мо ворухием!!!!

Хабарҳои нав