Оини инсондӯстӣ

ШАҲРДОРИ ИСФАРА БЕМОРИ БАРҶОМОНДАИ ЧОРКӮҲИРО БО МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ ТАЪМИН МЕНАМОЯД Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ки расонидани кӯмаки моддию маънавӣ ба шахсони яккаву танҳо, маъюбу эҳтиёҷмандро вазифаи ҷонии роҳбарону масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳову сарварони ҷомеаҳои меҳнатӣ, вакилону соҳибкорони муваффақ мешуморад, худ зимни ҳар сафари кориаш ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо имкони аввалин шахсони ниёзмандро аёдат мекунад. Дар ин радиф, шаҳрдори Исфара дар раванди сафари кориаш ба ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ба манзили ягона собиқадори барҳаёти ҷанг дар деҳа - Муҳиддин Наҷмиддини 87 сола, ки дар набардҳои кишвари Венгрия ширкат варзидааст, бо дастовез рафта, ҳамзамон мушкили ӯро ҷиҳати дастрасӣ ба сӯзишворӣ худи ҳамин рӯз ҳалли мусбӣ бахшид. Мавсуф ҳамчунон маъюби гуруҳи I, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, кӯчаи Лангар Қаҳҳоров Муҳиби 49-соларо низ аёдат намуд ва ба ӯ кӯмаки моддӣ расонид. Ҳангоми шиносоӣ бо вазъи воқеан ҳам ногувори Муҳиб Қаҳҳоров, ки аз замони кӯдакиаш то ба инҷониб аз бемории руҳӣ, сустақлӣ, асорати боқимондаи менингоэнцефалит бо нимфалаҷии канораи рост ранҷ мебарад ва нигоҳубинашро асосан падари 81-солааш ҚаХоров Зоир ва модари 70-солааш Қаҳорова Оча дар манзили кӯҳнасохт пеш мебаранд, аз мушкилоту ниёзмандии онҳо пурсон гашт. Зимни суҳбати самимона бо волидайни бемор муроҷиати онҳоро ҷиҳати беҳтар намудани шароити зисту нигоҳубини бемор пазируфта, изҳор дошт, ки барои эҳтиёҷоти онҳо аз шаҳраки Шӯроб манзили истиқоматии мувофиқеро ҷудо ва таъмиру обод намуда, тақдимашон хоҳад кард. Бояд гуфт, ки мушкили асосии сокинони шаҳраки Шӯроб бо оби тозаи нӯшокӣ бо бунёди шабакаи нави обрасонӣ ҳалли мусбии худро ёфтааст ва алҳол шумори хоҳишмандон бобати ҷудо намудани манзил аз шаҳраки ангиштканон ба маротиб афзудааст. Мавриди зикр аст, ки ин аввалину охирин иқдоми инсондӯстонаю хайрандешонаи шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода набуда, мавсуф дар арафаи соли нави мелодии 2021 ҳамзамон бо аёдату дидорбинии тарбиятгирандагони Хонаи бачагони шаҳраки Шӯроб, аҳли хонаводаи 4 нафар ҷавонмардони дар раванди муноқишаи мусаллаҳонаи наздисарҳадӣ баҳалокатрасида – сокини деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ шодравон Ҳусейн Ҳакимов,сокинони ҷамоати деҳоти Ворух собиқ омӯзгори МТМУ№23 марҳум Қароев Ҷалол, Расоиддин Тешаев ва Сафоидин Шаропов бо дастовезҳои идона рафта, ба онҳо кӯмаки арзишманди молиявӣ расонида буд. Вақте дар фасли сармо шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода сари роҳи лағжонтасодуфан марди кӯҳансолу нобиноеро дидаву мошини худро боздошта, ба ӯ дасти мадад дароз кард, атрофиён ва шоҳидони ҳол ба ҷавонмардиву инсонигарии баланди ӯ аҳсан хонда буданд. Ахиран, падарвор даст ба сари кӯдаки маъсум, духтараки ятим Тоҷибоева Гулсанам, хонандаи синфи 8-уми муассисаи таълимии №54-и деҳаи Лаккон ниҳодану омодагии роҳбарияти шаҳрро ҷиҳати мусоидат барои ҳалли саривақтии ҳамагуна мушкилоту эҳтиёҷмандиаш ва ҳам дар оянда идомаи таҳсилаш дар мактаби олӣ баён намудан ва дар интиҳои аёдату суҳбати самимона ба Гулсанам рақами телефони мобилии худ ва ҳам роҳбари дастгоҳи раиси шаҳрро доданаш, то ин дар ҳолати пеш омадани мушкилу муаммое бевосита ба худи ӯ муроҷиат намояд, низ руйдоди камназир аст.

Хабарҳои нав