Озмуни шаҳрии «Дастархонороӣ»

Дар маркази фарҳангии «Шоҳон» бо иштироки намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва корхонаву муассисаҳо озмуни шаҳрии “Дастархонороӣ” баргузор гардид. Озмуни мазкур бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳанги рӯзгордорӣ, ҳунари пазандагӣ, эҳё ва рушди анъана ва суннатҳои мардумӣ, пухтани хӯроки миллӣ, инчунин баҳри муаррифии ҳунарҳои миллӣ ба ҷаҳониён, маданият ва фарҳанги оиладории зани тоҷик, бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарорҳои дахлдори Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Исфара сурат мегирад. Ҷоиз ба зикр аст, ки миллати тоҷик яке аз қадимтарин мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ бо мероси бои фарҳангии моддӣ ва ғайримоддӣ мақоми шоиста касб намудааст. Халқи тоҷик на танҳо дар бахши омодасозии анвои таъомҳои миллӣ, балки дар дастархонороӣ низ маҳорати баланд дошта, хони оростаи ҳунармандони он на фақат маъракаҳои хонаводагӣ, балки ҷашнҳои пуршукӯҳи идонаи миллиро зебу зиннати хоса мебахшад. Дар озмун кадбонуҳо аз 12 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, Беморхонаи марказии шаҳр, Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, Коллеҷи тиббӣ ва Маркази саломатии шаҳр бо оростани дастархонҳои идонаи миллӣ навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ, хўришҳо, шириниҳо ва монанди инро манзури ҳайати ҳакамот намуданд. Доварон зимни баҳогузорӣ ба иштирокдорони озмун бештар ба истифодаи сарфарокорнаю моҳиронаи дастархон, зебо, хушоянд ва дилписанд будани дастархон, риояи анъанаҳои миллӣ дар дастархони оросташуда, мавҷудияти таомҳои миллӣ дар дастархони оросташуда, ба замона мутобиқ кардани дастархони оросташуда, камхарҷии он, истифодаи маҳсулотҳои ватанӣ ва ғайра эътибор дода, баҳогузорӣ намуданд. Муовини Раиси шаҳри Исфара Мадина Бобоиён зимни натиҷагирӣ аз пешниҳодҳои ширкатдорони чорабинӣ таъкид дошт, ки озмуни мазкур бо мақсади эҳё намудани таомҳои миллӣ, фарҳанги рӯзгордорӣ, бо сифати баланд ва харҷи кам оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо ташкил ва гузаронида мешаванд. Сипас, аъзои ҳакамон бо назардошти шартҳои озмун аз дастархони оростаи иштирокчиён дидан карда, бештар бо назардошти сарфакоронаю моҳирона оростани дастархон, зебо, хушоянд, дилписанд будани он бо риояи анъанаҳои суннатӣ ва таомҳои миллӣ ба онҳо баҳогузорӣ ва ғолибони озмуни “Дастархонороӣ”-ро эълон намуданд. Ҳамин зайл, мақоми аввалро намояндагони ҷамоатњои деҳоти Кўлканд ва Навгилем, ҷойи дуюмро Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ва Маркази саломатии шахр ва зинаи сеюмро ҷамоати деҳоти Чоркуҳ ва Раёсати маориф ба даст оварданд. Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмун туҳфаҳои Раиси шаҳри Исфара тақдим карда шуд. Суруду таронаҳои дилошӯби санъаткорон табъи ҳозиринро болида намуда, ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшид.

Хабарҳои нав