Маҷлиси фаъолони шаҳр

Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси фаъолон баргузор гардид. Дар маҷлис муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ,раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони маќомоти ҳифзи ҳуќуќ ва ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд. Нахуст ичрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо ёдоварӣ аз ироаи Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки ҳамасола бо натиҷагирӣ ва муайяну мушаххас намудани нақшаву барномаҳои мукаммалу мушаххас, ки ба рушди босуботи Тоҷикистони маҳбуб ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шоистаи сокинон мусоидат менамояд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми хешро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа менамоянд. Маҳз ироа гардидани Паём ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади роҳнамову меҳварӣ бурду бохти тамоми ҷанбаҳои фаъолияти ниҳодҳои давлативу ҷамъиятиро фаро гирифта, дар заминаи он ҳадафҳои рушд дар тамоми соҳаҳо мушаххас мегарданд. 26 январи соли 2021 зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди бонизоми тамоми соҳаҳои афзалиятноки мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Паёми солонаи Пешвои муаззами миллат, ки дар оғози соли таърихиву ҳумоюн, сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардид, ба қалби пиру барнои кишвар шодиву нишот ва умеду боварии комил бахшида, роҳнамову дастури кори ҳар фарди ватандӯсту хештаншинос пазируфта мешавад. Раиси шаҳр бо баробари баёни нуктаҳои асосии Паём, аз ҷумла зикр намуд, ки маҳз бо ибтикори шоиставу дурбинонаи роҳбари адабпарвару соҳибтамаддунамон дар мамлакат озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир гардида, тамоми ҷомеаи кишвар, аз ҷумла наврасону ҷавононро, ки ояндаи босуботи кишвар дар дасти онҳост ба мутолиаи китобҳои бадеиву эҳтирому арҷгузорӣ ба фарҳангу маданияти ватаниву ҷаҳонӣ раҳнамун сохт. Тадбири шоистае, ки дар партави солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» бо пешниҳоди хосаи муҳтарам Ҷаноби Олӣ ироа гардид, ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон эълони баргузории ҳамасолаи озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» маҳсуб меёбад. Прокурори шањри Исфара, мушовири адлияи дараљаи якум Дилшод Салимзода зимни суханронии хеш таъкид дошт, ки вобаста ба хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, муҳтарам Ҷаноби Олӣ бо таваҷҷуҳи хоса ибрози назар намуда, таъкид бар он доштанд, ки “пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд”. Дар ин замина бояд тамоми ниҳодҳои ҷамъиятиву ҳар фарди ватандӯст дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар амри мубориза бо ҳамагуна зуҳуроти номатлуб самҳгузор бошем ва ватани азизи худро аз чунин таҳдиду хатарҳо эмин нигоҳ дорем. Сардори ШВКД-1 ЧТ дар шахри Исфара генерал-майор Нурулло Орифзода ќайд намуд, ки пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Мавсуф даъват намуд, ки мардуми шарифи Исфара, махсусан, ҷавонони бонангу номус инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд. Шаҳрдори Исфара дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, иҷрои барномаҳои соҳавӣ, ҷамъоварии ҳаққи истифодаи қувваи барқ, беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ, беҳсозии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, ҷалби занону духтарон ба вазифаҳои роҳбарӣ, роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ, ҳаллу фасли саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон, вусъати корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, ободониву созандагӣ ва пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб ва омодагии комил ба ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дод.

Хабарҳои нав