ТАБРИКОТИ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба ифтихори ҷашни Сада

Ҳамдиёрони азиз. Боиси ифтихор ва шукргузорӣ аст, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ, маҳз бо шарофати талошҳои пайваста ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор суннатҳо ва арзишҳои фарҳангии аҷдодонамон эҳё гардиданд, ки дар байни онҳо ҷой ва мақоми чор ҷашни миллию мардумӣ – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон хоса мебошад. Ҷашни Сада, ки аз қаъри асрҳо то ба замони мо расидааст, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад ва имрӯз дар сатҳи давлатӣ, бо рангу ҷилои тоза ва бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Бино бар гуфтори Пешвои муаззами миллат: - «Ҷашни Сада рамзи гармиву нур ва ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз мебошад». Мавриди зикр аст, ки мутобиқ ба суннатҳои аҷдодиамон Сада – айёми омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, Наврӯз – оғози бедории табиат, Тиргон мавсими расиши гандуму нон, ҷашни обу ободӣ, Меҳргон – давраи ғунучини ҳосил маҳсуб меёфт. Ҳамшаҳриёни арҷманд. Тавре ҳар яки шумо огаҳӣ доред, рӯзи 26-уми январи соли 2021 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Пешвои миллат зимни ироаи паёми хеш таъкид доштанд, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳар як кишоварз ва ҳар як оиларо зарур аст, то истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, захира кардану истифодаи тухмиҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро, махсусан, дар соли 2021 таъмин намоянд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ пешниҳод намуданд, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд. Итминони комил дорам, ки кишоварзони мо ҷавобан ба ин ғамхории бебаҳои Пешвои муаззами миллат дар баҳори нав барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ ва пурнозу неъмат гардонидани дастархони мардум тамоми таҷрибаву малакаашонро сафарбар месозанд. Чун мавсими ниҳолшинонӣ наздик расидааст, зикри онро ҷойиз медонам, ки тибқи нақша мо бояд имсол дар масоҳати 30 гектар боғи нав бунёд ва зиёда аз 180 гектар боғҳои куҳнаву бесамарро аз нав барқарор намоем. Мутобиқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кишоварзони Исфара бояд, ки соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар масоҳати 1560 гектар картошка, дар майдони 500 гектар сабзавот, аз ҷумла дар масоҳати 400 гектар помидор кишту парвариш намоянд. Чун мардуми мо аз қадимулайём ба боғу боғпарварӣ ва ободонии сарзамини аҷдодӣ меҳру муҳаббати беандоза доранд, боварии комил дорем, ки ҳар як сокини шаҳру деҳоти Исфара худро дар канор нагирифта, дар баробари боғдорон дар маъракаи ниҳолшинонӣ, инчунин дар кабудизоркунии маҳалли кору зисти хеш амалан иштирок мекунад. Агар, ҳар яки мо дар ин мавсим лоақалл 2-3 бехӣ ниҳол ва гулу гулбутта шинондаю сабз гардонем, бешак Исфараи зебоманзари мо ба боғшаҳр ва гулистон табдил хоҳад ёфт. Дӯстони азиз. Дар интиҳо, бори дигар, ба ифтихори ҷашни Сада, ки дар асл ҷашни кишоварзони ризқофар аст, шумо - ҳозирини арҷманд, хоссатан деҳқонони саховатпешаи диёр, аз ҷумла ҳайати 16174 нафараи саҳмдорони 13538 хоҷагии деҳқонии шаҳрро сидқан муборакбод мегӯям. Ба якояки шумо бахту иқболи нек, рӯзгори пурфайз ва хонаи обод, дар пешбурди амалҳои неки ободкоронаатон комёбиву муваффақиятҳо орзу мекунам. Таманнои онро дорам, ки ҷашни Сада бо қадамҳои муборакаш ба қалбҳои мо рушноию гармӣ, меҳру муҳаббати ҷовидонӣ, ба мулки мо ободӣ, ба кори деҳқонон омаду барор ва ба хирманашон файзу баракат, ба хонадони мардуми мо бахту саодат ва шодию нусрат биёрад. Ҷашни Сада муборак, ҳамдиёрони азиз!

Хабарҳои нав