Таҷлили Иди Сада дар Исфара

Истиқлолияти давлатӣ, хосса иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёи падидаҳои фарҳанги куҳан ва оину суннатҳои аҷдодӣ барои мардуми тоҷик имконоти мусоид фароҳам овард, то дар амри руҷӯъ ба таърихи гузашта ва зинда гардонидану бузургдошти мероси моддиву маънавии хеш талош ва пайкорҳое ба зуҳур расонанд. Маҳсули ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат аст, ки дар баробари ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон шурӯъ аз соли 2017 ҷашни Сада низ ба тақвими ҷашну санаҳои миллии мо шомил гардида, барои таҷлили бошукӯҳи он тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Дар шаҳри Исфара ин ҷашни аҷдодӣбо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар Гулбоғи ба номи Сайфи Исфарангии маркази шаҳр, ки ба ҳайси идгоҳи асосӣ қарор дошт, намоиши олоти кории деҳқонӣ ва техникаи кишоварзӣ, ниҳолу гулбуттаҳо, сабзавоту меваҳои шаҳдрез ва тухмии зироатҳо ороста гардид, ки ифодагари омодагии марди деҳқон ба фасли баҳор буд. Маҳсули ҳунарҳои мардумии ба намоиш гузошташудаи намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаву ташкилот ва муассисаҳои таълимӣ аз завқи баланд, маҳорати беназир ва таърихи бойи косибиву ҳунармандӣ дар Исфара дарак медод. Ҷашни Сада аз ҷашнҳоест, ки аҷдодони мо бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мекарданд ва онро рӯзи расидан ба гармиву рӯзи нек меҳисобиданд. Туфайли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҷашну маъракаҳо ва оину русуме, ки солиён аз байн рафта буд, дубора эҳё гардид. Маҳз бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада амсоли ҷашни Наврӯзи дилафрӯз таҷлил карда мешавад. Ба ин маъно дар яке аз суханрониҳояшон Президенти кишвар таъкид сохтанд, ки «Миллати тоҷик, ки соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима аст, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд». Дар каломи табрикотии ичрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баховаддин Баходурзода бо баробари таманниёти беҳтарин ба мавсими нави кор, зарурати эҳё, гиромидошт ва таҷлили ҷашни мубораки ниёгонамон - Сада тазаккур ёфтанд. Зикр гардид, ки дар замони истиқлолият иди Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид. Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Тавре Асосгузори сулҳу вадати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии худ ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ иброз доштанд: «Ниёгони мо панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро то ҷашни Наврӯз ҳисоб карда, Садаро таҷлил мекарданд. Яъне Сада ҷашни омодагӣ ба Наврӯз буда, ин ду ҷашни қадимӣ бо ҳам тавъам мебошанд. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ сабаби Сада номгузорӣ шудани ин ҷашн низ дар ҳамин аст». Сада иди мужда аз тайёрӣ ва пеша намудани корҳои нави кишоварзӣ маҳсуб мешавад. Тоҷикон, ки аз қадимулайём мардуми кишоварз буда, бо меҳнату заҳмати хеш маводи ғизоӣ ба даст меоварданд, аз ин рӯ аввалин тарғибкунандагони ин иди аҷдодӣ мебошанд. Ин маросими ҷашнӣ ҳамеша ба шакли дастаҷамъӣ ва бо ҷамъ шудани мардуми шаҳр, маҳалла ва деҳот дар як ҷо бо оташафрӯзии бузургу суруру шодмонӣ баргузор мегардад. Ойину таомулҳои Сада одамонро ба амалҳои хубу писандида, аз қабили ба ҳам сухани нек гуфтан, ҳамдигарро эҳтиром намудан, дар осоишу оромӣ умр ба сар бурдан, дар ҳама ҳолат шарики ҳамдигар будан, кори хайр кардан, заминро дӯст доштан, табиатро ҳифз кардан ва дигар кирдорҳои нек даъват мекунанд. Дар рафти таҷлили ҷашни Сада дар вазъи тантанавӣ ба беҳтарин кишоварзону боғпарварон ва чорводорони шаҳру деҳоти Исфара Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд. Дар анҷом барномаи фарҳангии саршори шукрона ба фазои осудаву ором, тарғибгари сулҳу ваҳдат, дӯстдории Ватан ва табиат ва расидан ба қадри обу замини диёр пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Хабарҳои нав