Ҷаласаи корӣ

Дар толори маҷлисгохи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳракудеҳотвароњбарони як ќатор ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд. Дар оғози ҷаласа муовинони Раиси шаҳр Ҷаъфархӯҷа Ҳайдарзода, Муҳаммад Муҳиддинзода, Оятулло Раҳматзода ва Мадина Бобоиён оид ба фаъолияти соҳаҳои шаҳр маълумот доданд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода аз роҳбарони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раёсатҳо, корхонаву ташкилотҳо вобаста ба фаъолияташон дар самтҳои корӣ пурсиш ба амаловард. Дар ҷаласаи корӣ ҳамчунин пешниҳодҳои прокуратураи шаҳри Исфара ва Раёсати агентии назорати молияви ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суѓд мавриди муҳокима ќарор дода шуд. Дар идомаи чаласа шаҳрдори Исфара ба ҳозирин Абдурауфзода Фирдавсро, ки бо қарори Раиси шаҳр ба вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр таъин гардидааст, ошно намуда, ба ӯ дар иҷрои вазифаи пурмасъулият бурдбориву комгориҳо таманно кард. Шаҳрдори Исфара дар фарҷом изҳори боварӣ кард, ки мардуми меҳнатдӯсти Исфара аз иҷрои вазифаҳои дар наздашон истода сарбаландона баромада, рушди воқеии иқтисодиву иҷтимоиро дар ҳамаи самтҳо таъмин намуда, ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии азизамон саҳми босазо мегузоранд. Дар рафти ҷаласаи машваратии назди раиси шаҳр ҳамчунон дигар масъалаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Хабарҳои нав