Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо мақсади аёдату дидорбинӣ

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо мақсади аёдату дидорбинӣ ба манзили чанде аз собиқадорони арсаи меҳнат, аз ҷумла ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ Холисчон Темурчонов, Абдусамад Шомирсаидов, Куброхон Собитова ва собиќадори сохаи матбуот Бобочон Наврўз, ки дар гузаштаи начандон дур ба ҳайси роҳбарони муваффақ, бо иқдому ташаббусҳои созандаи худ баҳри ободу зебо гардонидани шаҳри Исфара саҳми хосса гузоштаанд, рафта бо онҳо сухбатхои самими анчом дод. Шахрдори Исфара пирони рўзгордидаро аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвоимиллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдат намуда, зикр дошт, ки собиқадорони меҳнат зери таваҷҷуҳи доимии Давлату Ҳукумат қарор дошта, эшон хазинаи тиллоӣ ва тарбиятгару раҳнамои ҷавонони соҳибистиқлоли мамлакат мебошанд. Ходимони барӯманди давлатӣ Холисчон Темурчонов,Абдусамад Шомирсаидов, Куброхон Собитова ва пири рўзноманигорони Исфара Бобочон Наврўз аз арҷгузорӣ ва ин иқдоми неки раиси шаҳр, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омадааст, изҳори хушнудӣ намуда, барои ободии Тоҷикистони азиз ва пешрафти фаъолияти шаҳрдори нав дасти дуо бардоштанд.

Хабарҳои нав