Аз рўи наќшаи кори иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба чамоати шаҳраки Нефтобод ташриф овард

Аз рўи наќшаи кори иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба чамоати шаҳраки Нефтобод ташриф оварда, бо сокинону фаъолони шаҳрак мулоқот анҷом дод. Сароѓоз иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр ба аёдати собиқадори Чанги Бузурги Ватани Самад Охонови 101 сола рафта аз ҳолу аҳволаш хабар гирифт ва бо фарорасии соли нави мелоди сидќан муборакбод гуфт. Аснои аёдати оилаи ниёзманд Ќумрихон Боирчонова шаҳрдори Исфара таъкид кард, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ниёзманди ҷомеа таҳти таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дошта, ба камбизоатону ниёзмандон, ятимону маъюбон мунтазам ғамхорӣ карда мешавад. Аёдатшудагон аз ташрифи раиси шаҳр изҳори хушнудӣ намуда, барои ғамхориҳои доимӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосмандии худро баён доштанд. Минбаъд иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба хонаводаи Аҳадчон Чалилов ташриф оварда, вазъи захирасозии маҳсулоти ѓизоиро барои зимистон мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Таъкид карда шуд, ки ҳар як оила бояд қитъаи замининаздиҳавлигиашро мақсадноку оқилона истифода бурда, захираи маводи ғизӣдошта бошад. Аъзои ин оила талаботи яксолаи худ ба маводи ғизоиро хуб медонанд ва тибқи он маҳсулоти барои худ лозимиро захира намуда, бовар доранд, ки зимистони имсоларо бидуни ягон мушкилӣ паси сарменамоянд. Дар оғози мулоќоти ошкорову судманди иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо сокинони шаҳрак, ки дар толори мачлисгохи ЧММ «Петролеум-Суѓд»сурат гирифт, раиси ҷамоати шаҳрак Муҳаммадсаид Хасанзодаоид ба вазъи ҷамъиятиву сиёсии шаҳрак гузориш дод. Дар раванди мулоқоти самимиву ошкоро бо сокинони шаҳраки Нефтобод шаҳрдори Исфара аз ҷумла изҳор дошт, ки мардуми шаҳру деҳоти Исфара аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон руҳу илҳоми тоза гирифта баҳри истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ- 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саъю талоши комил меварзанд. Сокинони Нефтобод ба шаҳрдори Исфара дар иртибот ба масъалахои таъминот бо ќитъаи замининаздихавлиги ва оби нўшокї, мусоидат барои гирифтани сертификати замин, таъмири роҳи Исфара-Зархок ва дигар таклифу пешниҳодҳои худро бобати рушд ва беҳдошти маҳалли зисташон баён намуданд. Баҳоваддин Баҳодурзода ҳамзамон бо шунидани арзу дархости мардум ва изҳори омодагии мақомоти иҷроия ҷиҳати њалли мушкилоти иҷтимоӣ дар доираи имконоти мавҷуда, ширкатдорони мулоқотро бо раванди амалигашти иқдомоти густурдаи созандаю бунёдкоронаи пешгирифтаи роҳбарияти шаҳр аз наздик шинос намуда, онҳоро ба ҳамкорию самаровар ба хотири пешрафт даъват намуд.

Хабарҳои нав