Иҷлосияи панчуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати шашум) баргузор гардид

Дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара иҷлосияи панчуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати шашум) баргузор гардид, ки дар ҷараёни он ҳамчунин фаъолони шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, макомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат доштанд. Пас аз садододани суруди миллӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии “Ваҳдат № 32”-Муҳаммад Муҳиддинзода ба кори иҷлосия ҳусни оғоз бахшид. Вакилон рӯзномаи кори иҷлосия ва ҳайати котиботи онро тасдиқ намуданд. Нахуст вакилони шаҳрӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2020, № 86 “Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд озод намудани Сулаймонзода Акрам Раҳим”-ро тасдиқ намуданд. Баъдан аз чониби вакилон ваколати вакилии Мачлиси вакилони халќи шаҳри Исфара, даъвати шашум, аз ҳавзаи интихоботии Маҳмудчон Воҳидов», №6 Бобоиён Мадина Абдуяќинзода тасдиќ карда шуд. Минбаъд ҳисоботи Раиси шаҳри Исфара «Оид ба натичахои рушди иктисодиву ичтимоии шахри Исфара дар соли 2020»шунида шуд.Сардори Раёсати молияи шаҳри Исфара Хуршед Абдушукурзода дар бораи муќаррар намудани андозҳои маҳалли дар шаҳри Исфара барои соли 2021 ва қабули буҷети шаҳри Исфара барои соли 2021 баромади муфассал намуд ва вакилони шаҳрӣ ҳисоботи буҷети шаҳри Исфара дар соли 2019-ро баъди баррасии он тасдиқ намуданд. Дар иртибот ба ин масъала вакил аз ҳавзаи интихоботии«Устомулло», №30 Аҳмадхўча Хабибуллозода ба музокира баромад. Дар идомаи иҷлосия вакилони мардумї масъалаҳоро оид ба пеш аз мухлат ќатъ намудани ваколативакилии вакилони Маљлиси вакилони халќи шаҳри Исфара, даъвати шашум, аз ҳавзаҳои интихоботии «Айни», №1, «Тидон», раќами 16, «Офтобрўй», №29, таъин намудани интихоботи миёнадаврӣ ва ҳайати комиссияи шаҳрии интихобот, номгузории объектҳои ҷуғрофӣ, мавриди барраси ќарор доданд. Вакилон ҳамзамон як қатор қарорҳои раиси шаҳрро низ тасдиқ намуданд. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар фарҷом ба масъулин, аз ҷумла ба раисони љамоатњои шаҳраку дењот бобати иҷрои саривақтии нақшаи андоз, вусъати корҳои ободонї, ва омодагиҳо ба таҷлили сазовори 30 солагиии Истиқлолияти давлатии ҶТ, эътибор ба амалишавии ҳадафҳои созанда ва тарҳу лоиҳаҳои бунёдкоронае, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр рӯйи кор овардааст, дастуру супоришҳо дод. Дар кори ичлосия намояндаи Маќомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суѓд Умриниссо Пўлоди иштирок ва суханрони намуд.

Хабарҳои нав