Ба махаллаи Гулистони ҷамоати дехоти Кулканд оби тоза омад.

Дар арафаи соли нави мелоди ахолии зиёда аз 530 хоҷагии маҳаллаи Гулистони ҷамоати дехоти Кулканди шаҳри Исфара бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд. Дар маросими мавриди истифода қарор додани иншооти мазкур сокинони маҳалла, роҳбарияти МИҲД шањри Исфара, ҷамоати деҳоти Кулканд, намояндагони Ташкилоти Ҷамъиятии Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Ичтимоии Манотиқи Кӯҳистон (БҶИИМК), қитъаи дар Исфара будаи корхонаи воҳиди давлатии обтаъминкуни ва ширкати пудратчии лоиҳа ҶДММ “Фаррухрӯз-1” иштирок намуданд. Муовини раиси шахри Исфара Чаъфархўча Хайдарзода бо баробари муборакбодии сокинони махалла бо ин рўйдоди фарахбахш, аз чумла зикр дошт, ки татбиќи лоихаи мазкур дар доираи њамкорињои судманд бо шарикони рушд, бахшида ба ҷашни 30 солаии Истиқлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, Солҳои рушди деҳот ва сайёҳӣ рохандози гардид. Бояд гуфт, ки сокинони ин маҳалла тули солхои зиёд дар самти дастрасӣ ба хати мустақили оби тозаи нушокӣ мушкилот доштанд.Релефи ҷойгиршавии маҳалла ва дур будан аз хати асосии таъмини оби нушокии ҳудуди шаҳри Исфара имкон намедод, ки ба ҳудуди маҳалла хати тозаи оби нушокӣ кашида шавад. Соли 2018 ин масъала ҳамчун мушкилоти афзалиятнок ба Барномаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳри Исфара барои солҳои 2018-2020 ворид карда шуда буд. Ва нињоят, бо мусоидати МИЊД-и шањр мушкилоти мазкур дар доираи лоиҳаи “Рушди ҳакориҳои байнисарҳадии Бодканд ва Суғд”, ки аз тарафи Ҳукумати Олмон маблағгузорӣ шуда аз тарафи Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон пружаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон амалӣ мешавад, њалли худро ёфт. Корҳои сохтмонӣ моҳи июли соли 2020 оғоз гардида дар доираи он як ҳавзи обтаъминкунандаи њаљмаш 200 мукааб, ду ҳавзи обнигоҳдории андозаи ҳар кадоме 500 мукаабї, як пойгоҳи обкашӣ бо гузоштани ду агрегати обкашӣ, як пойгоҳи трансформатории барқӣ ва ба масофаи 15,282 метр хати оби нушокӣ бо қубурҳои гуногунандоза кашида шуд. Маблағи умумии лоиҳавӣ 1.162.972 сомониро ташкилдода аз ин ҳисоб 861,372 сомонӣ саҳми грантии барнома ва 301.600 сомонӣ саҳми сокинони маҳал мебошад. Корњои сохтмони аз чониби пудратчии лоиҳа- ҶДММ “Фаррухрӯз-1”босифати баланд анљом дода шуданд. Хамзамон дар амали гашти лоиња мақомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Исфара, ҷамоати деҳоти Кулканд ва аҳолии маҳаллаи Гулистон сахми назаррас гузоштанд.

Хабарҳои нав