Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру дехоти Исфара

Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру дехоти Исфара ободониву кабудизоркунии кӯчаву хиёбонҳо идома дошта, сокинон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо дар ободонии маҳал саҳм мегузоранд. Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонии шаҳр беш аз 100 адад ниҳолҳои ороишии ҳамешасабзи навъи санавбар шинонида шуданд ,ки онҳо дар ояндаи наздик ба шаҳр шукӯҳу шаҳомати хосса мебахшанд. Шаҳрдори Исфара дар канори шоҳроҳи даромадгоҳи шаҳр ниҳолҳои ҳамешасабзро нишонида, таъкиддошт, ки ин тадбир дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» пиёдамегардад. Ӯ ҳамзамон баҳри нигоҳубини ин ниҳолҳо ва андешидани тадбирҳои доимӣ баҳри ободонии кӯча ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Хабарҳои нав