Дидорбинии навбатии ичрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо мардум дар чамоати дехоти Навгилем баргузор гардид

Дар оғози сафари худ ба ин ҷамоати калонтарини шахр Баҳоваддин Баҳодурзода ба манзили чанде аз сокинони деҳаи Шӯртанг рафта вазъи захирасозии маҳсулоти ғизоиро ба мавсими зимистон мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Ба раиси шаҳр иттилоъ доданд, ки дар робита ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони деҳот ба масъалаи истифодаи оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва омодагӣ ба давраи зимистон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, айни замон намудҳои гуногуни меваю сабзавот, аз ҷумла картошка, сабзӣ, шалғам, карам, маҳсулоти донагӣ: лӯбиё, мош, биринҷ, нахуд ва орду равғанро фаровон захира намудаанд. Минбаъд шахрдори Исфара ба Маркази саломатии деҳаи Офтобрӯй ташриф оварда бо шароити кору фаъолияти табибон аз наздик ошно шуд ва онҳо суҳбати самимӣ анҷом дод. Дар Маркази таълимӣ-истеҳсолии қолинбофии деха бошад, раиси шахр бо бонувони хунарманд мулокот ороста, аз кору бор ва мушкилоти онхо пурсон шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, ин чо 15 нафар занону духтарон машгули омӯзиш ва мехнатанд. Тавре зикр гардид, бо максади эхёи хунархои кадимаи мардумӣ бонувон ба қолинбофӣ, қуроқдӯзиву зардӯзӣ ва ғайра машғуланд. Дар идомаи сафар шаҳрдори Исфара чанде аз оилаҳои ниёзманди деҳаро аёдат намуда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид. Баҳоваддин Баҳодурзода ҳамчунин ба манзили ҳунарманди мардумӣ Абдусалом Деҳқонов рафта, бо фаъолияти устои чирадасти навгилемӣ аз наздик ошнои пайдо кард. Шаҳрдори Исфара зимни сӯҳбат бо ҳунарманд зикр дошт, ки «Дар такя ба иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара тасмим гирифтааст, ки силсилаи зиёди чорабиниҳоро роҳандозӣ намуда, ҳунарҳои мардумии Исфарашаҳрро эҳё ва ташаккул бахшад. Баъди боздид аз муассисаҳои таълимии рақамҳои 31 ва 32 ва суҳбату мулоқотҳо бо омӯзгорону толибилмон, и.в. раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар толори МТМУ 32 бо мардум гуфтугуи ошкорову судманд доир намуд. Нахуст раиси чамоати дехоти Навгилем Аҳмадхӯҷа Ҳабибуллозода оид ба вазъи иктисодиву ичтимои ва фархангию маънавии деха, мушкилотхои чойдошта гузориш дод. Сокинони деха ба шахрдори Исфара дар иртибот ба масъалахои шиферпӯш намудани як қисми бинои мактаби миёнаи тахсилоти умумии №32, тоза намудани канали обгузари деҳаи Шӯртанг, таъминот бо китъахои замини наздихавлиги, мусоидат дар ҳуҷчатгузорӣ намудани манзилҳои истиқоматӣ ва амсоли ин таклифу дархост баён доштанд. Сарвари шахр дар раванди мулокот масъулини макомоти ичроия ва сохторхои марбутаро барои дарёфти роххои халли масъалахои чойдошта ва саривакт бартараф намудани норасоихо вазифадор намуд. Ӯ ҳамчунин аз аҳли нишаст дават ба амл овард, ки бо шукронаи давлати соҳибистиқлол ва фазои осудаву ором дар ҷабҳаи меҳнати созанда фаъолнокии бештар зоҳир намоянд.

Хабарҳои нав