Раиси вилоят дар Исфара оилаҳои камбизоату ниёзмандро аёдат намуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Исфара чанде аз оилаҳои камбизоату ниёзмандро аёдат намуд. Раиси вилоят аз ҷумла ба манзили Мусоева Баҳрихон, Неъматова Паттихон ва Сангинова Мафруза ташриф оварда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид. Аснои аёдат Раиси вилоят таъкид кард, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ниёзманди ҷомеа таҳти таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дошта, ба камбизоатону ниёзмандон, ятимону маъюбон мунтазам ғамхорӣ карда мешавад. Боиси зикр аст, ки Мусоева Баҳрихон мутаваллиди соли 1955 буда, бо ҳамроҳи духтараш истиқомат мекунад ва оилаи ӯ камбизоат мебошад. Неъматова Паттихон маъюби гурӯҳи 1 ва духтараш маъюби гурӯҳи 2 мебошад, ки ҳардуяшон аз ҳисоби нафақаи маъюбӣ зиндагӣ карда истодаанд. Сангинова Мафруза бошад бо ҳамроҳи духтарчаи ноболиғаш зиндагӣ дошта, ҳамчун камбизоат ба қайд гирифта шудааст. Аёдатшудагон аз ташрифи роҳбари вилоят изҳори хушнудӣ намуда, барои ғамхориҳои доимӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосмандии худро баён доштанд.

Хабарҳои нав