МУЖДА АЗ ДУШАНБЕ:

Дастаи футболбозони навраси «КИМИЁ»-и Исфара ғолиби мусобиқоти ҷумҳуриявии Лигаи «Умед Ю-17» гашт. Дастаи футболи наврасони «Кимиё»-и Ҷамъияти саҳҳомии «Корхонаи кимиёвӣ»-и шаҳри Исфара аз 17 то 25 ноябри соли равон дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ, ки бо иқдоми Лигаи футболи кӯдакону наврасони Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид, муваффақона ширкат варзида, бо 5 пирӯзӣ ва 1 мусовӣ ба дарёфти мақоми аввал ва Ҷоми мусобиқот шарафёб гардид. Бино бар иттилоъи мураббии даста, Устоди варзиши Тоҷикистон Абдуназаров Нӯъмонҷон футболбозони навраси дастаи «Кимиё» дар мусобиқа бо дастаҳои «Регар-Тадаз» бо ҳисоби 3 бар 2, «Пахтакор»- «Қубодиён» бо ҳисоби 3 бар 0, «Мактаби олии футболи ҷумҳуриявӣ» бо ҳисоби 4 бар 2, дар бозии нимфиналӣ бо дастаи футболбозони навраси «Истиқлол» бо ҳисоби 2 бар 0 ва дар бозии финалӣ бо дастаи «Арал» бо ҳисоби 4 бар 1 дастболо гаштаанд. Танҳо бо дастаи «Сиёма»-и Душанбе бо ҳисоби 1 бар 1 мусобиқаро мусовӣ анҷом додаанд. Дар ҷамъбасти мусобиқот бозингарони дастаи «Кимиё» Ислом Юсупов «Бозингари беҳтарини чемпионат» ва Маҳмадшоҳ Шомирсаидов «Бозингари беҳтарини даста» эътироф гардидаанд. Ҷоми мусобиқотро ба дастаи футболи наврасони «Кимиё»-и Ҷамъияти саҳҳомии «Корхонаи кимиёвӣ»-и шаҳри Исфара ноиби аввали Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо дар вазъи ботантана тақдим намудааст. Ҷоизи зикр аст, ки дастаи футболи наврасони «Кимиё»-и Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Корхонаи кимиёвӣ» се сол инҷониб бо сарпарастии маъмурияти корхонаи мазкур ва таҳти сарварии Устоди варзиши Тоҷикистон Абдуназаров Нӯъмонҷон ва ҳам мураббии дигари даста Яҳёев Илёсхӯҷа фаъолият мебарад. Директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Корхонаи кимиёвӣ» Шерализода Субҳоналӣ, ки худ ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хосса дорад, қатъи назар аз вахъи душвори молиявии корхона дастаи футболбозони наврасро сарпарастӣ ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Маҳз бо дарназардошти он, ки варзиш омили муҳими саломатӣ, тарзи ҳаёти солим ва тавонмандӣ маҳсуб меёбад, барои ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шудани кормандон ашъёҳои варзишӣ харидорӣ ва шароити созгори машқу тамрин фароҳам оварда шудааст. Бояд тазаккур дод, ки дар шахсияти Шерализода Субҳоналӣ Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Корхонаи кимиёвӣ» дастаи футболи «Исфара»-ро ҳам аз ҷиҳати моддиву маънавӣ пайваста дастгирӣ менамояд. Ин пирӯзию сарфарозиро ба мураббиёну кулли бозингарони дастаи футболи наврасони «Кимиё» ва сарпарасти онҳо- маъмурияти Ҷамъияти саҳҳомии «Корхонаи кимиёвӣ»-и шаҳри Исфара самимонаю сидқан табрику таҳният мегӯем. Барояшон комёбию муваффақиятҳои рӯзафзун таманно дорем. ПИРӮЗӢ МУБОРАКУ ХУҶАСТАПАЙ БОД!

Хабарҳои нав