ШАҲРДОРИ ИСФАРА БОЗДИДИ ХУДРО АЗ ДЕҲОТИ НАВГИЛЕМ БО ШИРКАТ ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ВА АЗНАВБАРҚАРОРКУНИИ БОҒОТИ БЕСАМАР ОҒОЗ НАМУД.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҳамроҳ бо пирони кор ва масъулину мутахассисони бахши кишоварзӣ маъракаи ниҳолшинониро дар Кооперативи тиҷоратию истеҳсолии «Кишоварзони Навгилем» дар масоҳати 6 гектар оғоз бахшиданд. Тавре ба раиси шаҳр иттилоъ доданд, алҳол дар 2 қитъаи замини боғоти куҳнаву бесамари дастаҳои кории рақамҳои 7 ва 8-и хоҷагии мазкур корҳои азнавбарқароркунӣ шурӯъ гардида, дар ин қитъаҳо ниҳоли зардолуҳои навъи «хурмоӣ», «шишахурмоӣ», «тоҷибоӣ» «қандаки Хуҷанд» ва ҳамчунон шафтолу шинонида хоҳанд шуд. Бино бар гуфтори муовини раиси хоҷагӣ Абдумухтор Ахмедов айни замон дар ҳудуди боғоти «Кишоварзони Навгилем» зиёда аз 40 намуди зардолу парвариш карда мешавад. Хоҷагии мазкур тасмим гирифтааст, ки то баҳори соли 2021 дар масоҳати 30 гектар боғҳои пири бесамарро бо истифода аз навъи ниҳоли зардолуҳои ба иқлими Навгилем мувофиқу серҳосил аз нав барқарор намояд. Чун хоҷагии мазкур ҳамчунон дар самти сабзавоткорӣ низ фаъолияти назаррас дорад, дар замини байни қаторҳо асосан сабзавот кишту парвариш карда хоҳад шуд, ки дар оянда ҷиҳати таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хоми маҳаллӣ ва ҳам барои ғанигардонии бозори дохилӣ бо сабзавоти тару тоза мусоидат хоҳад кард. Мавриди зикр аст, ки айни замон дар шаҳри Исфара дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ майдони боғот зиёда аз 13300 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 11 ҳазор гектарашро зардолузор ташкил медиҳад. Соли 2020 дар шаҳри Исфара ба ҷойи 30 гектари дар дурнамо пешбинигардида аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ ва талу теппаҳо дар майдони 52 гектар боғи нав бунёд гардида, дар масоҳати 130 гектар боғоти куҳнаву беҳосил аз нав барқарор карда шудааст. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода иқдоми хоҷагидоронро ҷиҳати азнавбарқароркунии боғот шоистаи дастгирӣ ва мувофиқи матлаб ҳисобида, зимнан дастур дод, то боғдорон бо истифода аз усулҳои муосир ва таҷрибаҳои пешқадами соҳавӣ барои бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ низ амалан ташаббус зоҳир намоянд. Ҳамчунон ба садорати хоҷагӣ тавсия дода шуд, ки ҷиҳати шинонидани ниҳоли дарахтони ороишӣ ва сафедор қад-қади шоҳроҳи «Гулистон-Исфара», ки аз ҳудуди хоҷагӣ мегузарад, мусоидат намояд. Бояд тазаккур дод, ки мардуми Исфара дар боғдориву зардолупарварӣ ва ҳам дар хушк кардани зардолу таҷрибаи ғании аҷдодӣ доранд ва соҳибкорони Исфара дар самти коркарду банду басти меваи хушк ва содироти он ба хориҷи кишвар пешсафанд. Боғоти беҳтарини зардолу дар Исфара воқест ва дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара қариб 70 навъи зардолу нашъунамо дорад.

Хабарҳои нав