Рӯзи байналмилалии маъюбон

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Рӯзи байналмилалии маъюбон кормандони масъули МИҲД-и шаҳр ба аёдати пиронсолону нафарони имконияташон маҳдуд рафта, ба онҳо кӯмаки моддию маънавӣ расониданд. Чунин тадбирҳо таҳти ҳидояту дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат сурат гирифта, пиронсолону маъюбон аз кӯмакҳои иҷтимоӣ бархӯрдор мегарданд ва ин амали хайр ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ин радиф мудири шӯъбаи хизматрасонӣ дар хона Фараҳноз Асламова ба дидорбинию аёдати нафаре чанд тан аз куҳансолон, ва шахсони имконияташон маҳдуд иқдом намуд. Зимни аёдату дидорбинӣ давоми ин рӯз ба маъюбон, барҷомондагон ва шахсони камбизоату эҳтиёҷманд кӯмакҳои моддӣ расонида шуда, зимнан ниёзмандон мавриди таваҷҷуҳу дастгирӣ ва меҳрубонӣ қарор ёфтанд. Зимнан таъкид гардидд, ки таҷлили бошукуҳи Рӯзи байналмилалии маъюбон дар саросари мамлакат далели сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд маҳсуб мешавад. Моҳи сентябри соли равон зиёд гардидани андозаи нафақаи маъюбон шаҳодати гуфтаҳои боло мебошанд. Дар мамлакат то 1 ноябри соли 2019 шумораи умумии маъюбон 148 ҳазору 348 нафар, аз ҷумла маъюбони гурӯҳи якум 15 ҳазору 454 нафар, гурӯҳи дуюм 71 ҳазору 368 нафар, гурӯҳи сеюм 33 ҳазору 260 нафар, инчунин, кӯдакони маъюби то 18-сола 27 320 нафарро ташкил медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи дастгирии ҳамешагии маъюбон, оилаҳои ниёзманд, пирони барҷомонда ва ятимонро дар саргаҳи сиёсати хирадмандонаи хеш қарор дода, аз ҷумла дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, ки: “Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат дар соҳаи иҷтимоӣ минбаъд низ бомаром идома ёфта, бо мақсади дастгирии давлатии ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат, собиқадорони меҳнат ва беҳтар гардонидани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои гуногуни давлатӣ доир ба масъалаи муқаррар намудани дастгирии иловагии давлатӣ тавассути кӯмакҳои суроғавии иҷтимоӣ чораҳои муассир андешида мешаванд”. Аёдатшудагон ва пайвандони онҳо барои чунин таваҷҷӯҳу ғамхории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуданд.

Хабарҳои нав