АРЗИ ЭҲТИРОМ ва ДУОИ РОҲ

Муҳтарам шумурдан ва иззату икроми пирони кор, ташриф ва дидорбинӣ бо мӯйсафедону собиқадорони меҳнат, аз ҷумла мулоқот бо ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ иқдоми дигари шаҳрдори навтаъини Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода аст, ки 27 ноябри соли 2020 анҷом дод. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо истифода аз фурсати муносиб рӯзи сипаришуда бо мақсади аёдату дидорбинӣ ба манзили собиқадорони меҳнат, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ Мирзошариф Исломиддинов, Башорат Раҳимова ва Абдусамад Шомирсаидов, ки дар гузаштаи начандон дур ба ҳайси роҳбарони муваффақ, бо иқдому ташаббусҳои созандаи худ баҳри ободу зебо гардонидани шаҳри Исфара саҳми хосса гузоштаанд, рафта бо онҳо вохӯрию мулоқотҳо дошт. Ҷоизи зикр аст, ки ходими давлатӣ Мирзошариф Исломиддинов яке аз мутахассисони варзида ва барҷастаи соҳаи нафту газ маҳсуб ёфта, дар гузашта сарварии Корхонаи истҳсолии нафту гази Нефтобод, баъдан директори генералии корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико «Қайроқум-Ойл-ЛТД» -ро ба зимма дошт ва ҳамчунон дар вазифаҳои масъулиятноки раиси шаҳри Исфара, муовини раиси вилояти Суғд ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурмаҳсул бурдааст ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ буд. Ходими давлатӣ Башорат Раҳимова аз ҷумлаи занони барӯманд ва шахсиятҳои маъруфи диёр аст, ки дар вазифаҳои масъули давлатӣ фаъолият бурда, дар ин радиф масъулияти раиси кумиҷроияи шаҳри Исфараро ба зимма дошт. Пири кор, ходими давлатӣ, собиқ вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995), иштирокчии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусамад Шомирсаидов яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи кишоварзии шаҳр ва вилояти Суғд аст, ки суҳбату мулоқот бо ӯ барои шаҳрдори нав муфид сурат гирифт. Имконият ва заминаҳои воқеии рушди саноати Исфара, алалхусус дар соҳаи нафту газ, металлургия ва куҳкорӣ, дарёфти роҳҳои самаранок истифода бурдани иқтидорҳои истеҳсолии Корхонаи муштараки “Петролеум Суғд” ва “Суғднафтугаз”, ки дар самти истихроҷи нафту газ ва пешбурди корҳои иктишофӣ фаъолият доранд ва ҳам Ҷамъиятҳои саҳҳомии “Тамохуш – заводи гидорметаллургии шаҳри Исфара” ва «Ангишт» дар маҷмӯъ дарёфти роҳҳои эҳёи дубораи шуҳрату мақоми Исфара ҳамчун минтақаи аз лиҳози саноатӣ пешрафта... - мавзӯи асосии суҳбати Баҳоваддин Баҳодурзода бо Мирзошариф Исломиддинов буд. Дар маҷмӯъ, ҳадаф аз баргузории дидорбинию мулоқотҳои мазкур аввалан баёни эҳтиром, арҷгузорӣ ьа хизматҳои шоистаи шахсиятҳои болозикр бошад, аз ҷониби дигар омӯзиши андешаю афкор, таклифу пешниҳодоти собиқ сарварони шаҳр ҷиҳати дарёфти роҳҳои беҳтару самаровари шаҳрдорӣ, таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр, ҳалли муҳимтарин мушкилоти иҷтимоӣ ва масоили марбут ба муаммоҳои наздисарҳадӣ буд. Ходимони барӯманди давлатӣ Мирзошариф Исломиддинов, Башорат Раҳимова ва Абдусамад Шомирсаидов аз арҷгузорӣ ва ин иқдоми неки раиси нави шаҳр, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омадааст, изҳори хушнудӣ намуда, барои ободии Тоҷикистони азиз ва пешрафти фаъолияти шаҳрдори нав дасти дуо бардоштанд. Дар раванди дидорбинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзодаро муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Содирхон Қосимӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Суруриддин Зиёваддинзода ҳамроҳӣ доштанд. Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Исфара

Хабарҳои нав