Ифтитоҳи майдончаи нави варзишӣ

Дар доираи тадбирҳои идона ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Зумрадшоҳи ҷамоати деҳоти Шаҳрак як иншооти муҳими варзишӣ мавриди баҳрабардории насли наврас қарор дода шуд. Муовини Раиси шаҳри Исфара Ҷаъфархӯҷа Ҳайдарзода зимни суханронӣ дар маросими кушодашавии майдончаи футболи хурд амалӣ гардидани иқдоми шоистаи рушди варзишро миёни насли наврас дар шаҳру деҳоти Исфара яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Макомоти ичроияи махаллии хокимитяти давлатū арзёбӣ намуд. Ҳамзамон изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар шаҳри Исфара бунёд шудани майдонҳои футболи хурд дар тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонону наврасон, ҷалби онхо ба тарбияи ҷисмонӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш ва аз ин тариқ мубориза алайхи нашъамандӣ, пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ мусоидат хоҳад кард. Бояд тазаккур дод, ки ин иншооти муҳими варзишӣ бо саъю эҳтимоми соҳибкори маҳаллӣ Абдуқадим Холиқов бо харҷи беш аз 150 ҳазор сомонӣ бо тарҳи замонавӣ ва сифати баланд бунёд гардидааст. Мавриди зикр аст, ки ба фаъолият шуруъ намудани майдончаи нави бозии футболи хурд имкон медиҳад, ки дӯстдорони варзиш минбаъд дар вақти фароғати худ ба бозии футбол машғул шаванд. Аз тарафи дигар майдончаҳои бозӣ барои ривоҷи футбол ва таблиғи он миёни аҳолӣ мусоидат намуда, сафи дӯстдорони ин намуди варзишро афзун мегардонад. Варзишгарону дӯстдорони ҷавони футбол ба роҳбарияти шаҳр ва бунёдгарони ин иншооти варзишū барои таваҷҷӯҳу ғамхориашон изхори сипос намуданд.

Хабарҳои нав