Ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда

Тибқи дастурҳои протоколии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкил ва гузаронидани ҷаласаҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва минтақаҳо" дар шаҳри Исфара ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи минтақа баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҷамшед Маҳмудзода ва раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода гузашт. Дар ҷаласаи мазкур рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 "Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021" мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин масъалаи пешгирии ҳолатҳои фавқулодда дар мавими баҳори соли 2021 муҳокима гардид. Доир ба масъалаҳои баррасишаванда ҳисоботи шахсони масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва ҳам мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шунида шуд. Тавре зикр гардид, дар кори омода намудани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба мавсими тирамоҳу зимистон ва ҳолатҳои фавқуллодда Комиссияи ҳолатҳои фавқулода нақши муҳим дорад. Зеро, ки омода будан ба ҳолатҳои фавқуллодда яке аз омилҳои асосии кам кардани зарар ва хатари офати табиӣ аст. Бояд тазаккур дод, ки Исфара яке аз минтақаҳое мебошад, ки дар ин ҷо эҳтимолияти рух додани офатҳои табиие чун заминларзаи қуввааш 8 балла, обхезиҳо, яхбандӣ, селҳо вуҷуд дорад. Таъкид гардид, ки ҷараёни иҷрои қарори болозикр ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, аз ҷумла дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсати матлубот, шабакаҳои барқӣ ва ғайра зери назорати доимӣ қарор дорад. Дар фарҷом натиҷаҳо ҷамъбаст карда шуда, ба роҳбарон ва намояндагони хадамоти гуногуни минтақа барои иҷрои вазифаҳои дар наздаш гузошташуда супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав