Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР аз 18 ноябри соли 2020 №588 ш. Душанбе Дар бораи аз вазифаи Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Аҳмадзода Ҷ.Ҷ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР аз 18 ноябри соли 2020 №589 ш. Душанбе Дар бораи Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Зувайдзода М.М. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР аз 18 ноябри соли 2020 №590 ш. Душанбе Дар бораи аз вазифаи сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Абдураҳимов Х.С. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Абдураҳимов Хайриддин Саидович бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР аз 18 ноябри соли 2020 №591 ш. Душанбе Дар бораи сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Абдуллозода А.Р. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Абдуллозода Аҳтам Рустам сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав