Машварати корӣ

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода бо ширкати муовинони раиси шаҳр, масъулини воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳо, сарварони корхонаю муассисаҳо ва дигар масъулини соҳа машварати корӣ баргузор гардид. Сароғоз шаҳрдори Исфара ба ҳозирин Мирсаидзода Анвар Умарро, ки бо қарори Раиси шаҳр ба вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр таъин гардидааст, ошно намуда, ба ӯ дар иҷрои вазифаи пурмасъулият бурдбориву комгориҳо таманно кард. Ҳамчунин сарвари нави КВД Хоҷагии манзилию комуналии шаҳр Аскаралӣ Муҳибуллоев муаррифӣ гардид. Дар идомаи машварати корӣ масъала оид ба ҷараёни корҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» ва чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии паҳншавии ин бемории сироятӣ дар шаҳру деҳоти Исфара мавриди баррасӣ қарор ёфт. Дар робита ба ин таъкид гардид, ки вазъияти мазкур аз ҳар нафар риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва бурдани корҳои дурусти фаҳмондадиҳиро талаб менамояд. Зеро мо имрӯз пешорӯи имтиҳони ҷиддие қарор дорем, ки танҳо ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, роҳ надодан ба ваҳм, тарсу ҳарос ва риояи қатъии тавсияҳои табибон имкон медиҳад дар мубориза ба ин вирус дастболо гардем. То ба эътидол омадани вазъияти пандемияи коронавируси нав сокинони шаҳру деҳотро зарур аст, ки талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва Ситоди ҷумҳуриявиро доир ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намоянд. Минбаъд гузориши ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳр Некзод Хоҷазода оид ба баррасии пешниҳодҳои прокуратураи вилояти Суғд ва шаҳри Исфара шунида шуд. Ҳамчунин дар ҷараёни машварат Раиси шаҳр Акрам Сулаймонзода доир ба вазъи иҷрои нақшаи андозҳо аз масъулини дахлдор пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ҳалли мушкилоти ба миёномада ба онҳо дастуру супоришҳо дод. Ҳамзамон масъулин вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати вусъати корҳои ободонӣ, иҷрои саривақтӣ ва босифати воридот ба буҷети давлатӣ, фаъолияти самараноки корхонаҳои саноатӣ, кишти такрории зироатҳо, тақвияти корҳои тарғиботӣ вобаста ба пешгирии бемории коронавирус, омодагии корхонаву ташкилот ва муассисаҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, вусъати омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли ин тадбирандешӣ намоянд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав