Мавсими нави ниҳолшинонӣ дар шаҳри Исфара

Мавсими нави ниҳолшинонӣ дар шаҳри Исфара аз хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ оғоз гардид Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда бо иштироки шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода бо мақсади оғоз бахшидан ба мавсими нави ниҳолшинонӣ дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонии шаҳр иқдом гирифта шуд ва дар ин рӯз бо ҷалби ҳашарчиён беш аз 200 адад ниҳолҳои ороишии навъи каталпа шинонида шуданд. Шаҳрдори Исфара дар канори роҳ аввалин ниҳолҳои ҳамешасабзро нишонида, таъкид дошт, ки ин тадбир дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» пиёда мегардад. Ӯ ҳамзамон баҳри нигоҳубини ин ниҳолҳо ва андешидани тадбирҳои доимӣ баҳри ободонии кӯча ба масъулин дастуру супоришҳо дод. Бояд қайд намуд, ки дар шаҳри Исфара бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободонию сабзу хуррамгардонии муҳити атроф ва муассисаву ташкилотҳо тадбирҳо зарурӣ андешида мешаванд. Дар ин рўз аз тарафи кормандони Бахши хифзи мухити зисти шахр бо иштироки фаъолонаи ахли меҳнати ЧДММ «Заводи сементбарории шахри Исфара» беш аз 200 бех ниҳоли дарахтони каталпа шинонида шуд, ки ба шукӯҳи шаҳр шаҳомати тоза зам хоҳанд кард. Дар маҷмуъ, дар ин мавсим тибқи нақшаи пешбинишуда дар ҳудуди шаҳри Исфара беш аз 4423 бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва зиёда аз 100 ҳазор адад гулҳои мавсимиву бисёрсола, аз ҷумла 2000 дона дона гули лола шинонда хоҳад шуд. Раиси шаҳри Исфара баробари оғоз намудани мавсими ниҳолшинонӣ масъулинро ба вусъат бахшидани маъракаи ободониву сабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара даъват намуд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав