Табрикоти Раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз. Бо арзи эҳтиром якояки Шуморо ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, рамзи эътиқод ва сипосгузорӣ ба хизматҳои бузургу бебаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, сидқан табрику таҳният мегӯям. Таҷлили шоиста ва бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунанд. Имрӯз мо бо шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ Рӯзи Президентро бо самимияту эҳтиром ва ғурури баланди миллӣ дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ ҳамчун рӯзи адолату демократикунонии ҷомеа баргузор намуда, тамоми дастовардҳои замони идоракунии президентиро ба истиқлолияти давлатӣ ва иқдомҳои неки Президенти кишвар вобаста медонем. Воқеан ҳам, арҷгузорона бояд гуфт, ки таърихи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол, ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат, баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва он ҳама дастоварду муваффақиятҳое, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар ба амал омаданд, комилан ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманду тавъам аст. Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии мо бузург аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ наҷотбахши давлат, сармеъмори давлатдории навини тоҷикон ва Пешвои эътирофшудаи умумимиллианд. Президенти мо аз муҳаббату самимият ва пуштибонии самимии мардуми шарафманди кишвар баҳраманд ҳастанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон рӯзи 11 октябри соли равон дар чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар фазои комили ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ, садоқат ба ормонҳои таърихии халқи куҳанбунёди тоҷик, пойдории сулҳу субот ва фарҳанги баланди сиёсии шаҳрвандӣ гузашт, муҳаббат, эътимоду боварӣ, эътиқоду ихлоси бузурги нисбат ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доштаашонро бо иштироки фаъолонаи худ ва бо додани раъйи хеш исбот намуданд. Дӯстони азиз. Кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти таърихсози ин абармард аслан корномаи шахсияти бузурги таърихӣ дар масири бунёди давлати миллист, ки аз он бояд ифтихор кард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд. Маҳз ба шарофати садоқату фидокорӣ, тафаккури стратегӣ, иродаи матин ва сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат мардуми тоҷик дар як муддати начандон тӯлонии таърихӣ фосилаеро тай намуда, соҳиби музаффариятҳое гардид, ки барои як зумра халқияту миллатҳои олам орзуву ормонҳои деринаву дастнорас маҳсуб меёбанд. Хушбахтона хизматҳои бузургу пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» қадрдонӣ шуда, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» қабул гардид. Имрӯз, ҳар яки мо бояд аз ҷунин бахти таърихӣ шукрона кунем, ки соҳиби давлати соҳибистиқлол ва Ватани ободу зебое ҳастем, ки зиндагӣ кардан дар чунин Ватани озоду муқаддасро аҷдоди накӯноми мо садсолаҳо орзу мекарданд ва ба хотири ҳимояи истиқлолияту озодӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллату давлатамон саъю талош менамоем. Мо шаҳрвандони саодатёри Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд шукронаи чунин Пешвои муваффақу ояндасози давлат ва мушфиқу ғамхори халқу миллат намоем. Имрӯз, мо метавонем бо сарбаландию ифтихор эълон намоем, ки кишвари мо зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати мустақил барпо шуд, ҳамчун воқеияти устувори таърихию сиёсӣ доир гашт ва дигар ҳеҷ касе ва ҳеҷ нерӯе наметавонад, ки мавҷудияти Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва ягонагии кишвари моро зери савол гузорад. Имрӯз мо сокинони шаҳри Исфара Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукргузорӣ аз фазои солиму созанда таҷлил намуда, гиромидошти ин санаи муборакро рамзи садоқат ба Ватани маҳбуби худ мешуморем. Имрӯз мо бо таҷлили ин санаи фархунда ҷонибдории худро ба тамоми ҷаҳониён, аз раванди сиёсати ваҳдати миллӣ, пойдории сулҳу субот, марҳилаи пайгиронаи созандагӣ ва бунёди ҷомеаи мутамаддини демократӣ собит менамоем. Дар ин рӯзи муборак ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом, хушбахтию хонаободӣ, нерумандӣ ва дар маснади олии давлатиатшон ба хотири ободию пешрафти Тоҷикистони азиз ва фароҳамсохти зиндагии шоистаи ҳамватанон комёбиҳои дастовардҳои беназир таманно дорем. Орзуманди он ҳастем, ки Пешвои муаззами давлати соҳибистиқлоламон як умр роҳбару роҳнамои мо бошанд. Бигзор ҷилои хиради муҳтарам Пешвои миллат роҳи ояндаи миллати моро мунаввар сохта, қалби ҳамватанонро саршор аз эътимоду боварӣ ба ояндаи неки Ватани азизамон Тоҷикистон гардонад! Идатон муборак, дӯстони азиз!

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав