Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик дар шахри Исфара мусобикаи футбол барои дарёфти Ҷоми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо ташаббуси роҳбарияти шӯъбаи якуми Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик, бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш ва роҳандозии тарзи ҳаёти солим гузаронида шуд. Дар қувваозмоиҳо, ки як ҳафта идома ёфт, 12 дастаҳои футболбозон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаву муассисаҳо ва маркази шаҳр фаъолона ширкат намуданд. Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа раиси шаҳр Акрам Сулаймонзода ва сардори ШВКД-1 дар шаҳри Исфара, генерал-майори милитсия Нурулло Орифзода баромад намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо ҳидояту раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонон ва варзиш тадбирҳои ҳадафманд андешида шуда, самтҳои гуногуни варзиш басо равнақу ривоҷ ёфта истодааст. Тарғибу ташвиқи мақсадноки варзиш дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба сатҳи даркорӣ ва муҳим расонида шуда, сокинони гуногунсинни шаҳри Исфара, аз ҷумла кормандони милитсия бо он шуғли бештар ёфта, тарзи ҳаёти солимро пеш гирифтаанд. Дар замони ҷаҳонишавӣ варзиш на танҳо ҷанбаи иҷтимоӣ, балки ҷанбаи муҳими иқтисодиро низ касб намуда, мардум ҳар қадар бештар бо варзиш фаро гирифта шаванд, ҳамон қадар вазъи саломативу ҳолати рӯҳиву равонии онҳо ва дар маҷмӯъ, суботи ҷомеа беҳтар мегардад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки “Баҳри рушди ҳамаҷонибаи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳр бунёди толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ вусъат гирифта, то ин ҷониб бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва дастгирии соҳибкорони саховатпеша даҳҳо майдончаҳои варзишӣ, аз ҷумла майдончаҳои хурди футбол сохта ба истифода дода шудаанд. Минбаъд раиси шаҳр Акрам Сулаймонзода ва сардори ШВКД-1 дар шаҳри Исфара, генерал-майори милитсия Нурулло Орифзода дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони мусобиқа Ҷом ва туҳфаҳои хотиравиро тақдим доштанд. Ҳамин зайл, дастаи футболбозони «1988» соҳиби Ҷом ва 3 ҳазор сомонӣ, дастаи Кӯлканд соҳиби ҷои дуюм ва 2 ҳазор сомонӣ, дастаи Чилгазӣ соҳиби ҷои сеюм ва 1 ҳазор сомонӣ гардиданд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав