Таҷлили Рӯзи Конститутсия

Дар Кохи фарҳанги маркази шаҳр ба ифтихори солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аҳли ҷамоатчигū ва фаъолони шаҳру деҳоти Исфара ҳамоиши тантанавū доир гардид. Дар чорабинӣ нахуст раиси шаҳр Акрам Сулаймонзода баромад намуда, бо баробари сидқан таҳният гуфтани аҳли толор ва дар симои онҳо тамоми сокинони шаҳру деҳоти Исфара ба ифтихори ин санаи фархунда, аз таърихи қабули қонуни асосии кишвар, нақши он дар таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлативу миллū ва рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоū ва фарҳангū ёдовар гардид. Мавсуф зимнан таъкид ба амал овард, ки дар давоми 26 сол мардуми Тоҷикистон дар зиндагиву фаъолияти ҳамарӯзаи худ итминон ҳосил карданд, ки Конститутсияи мо ифодагари манфиатҳои олии миллату давлат, муайянкунандаи низоми устувори давлатдорū ва сохтори идораи ҷомеа, кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъминкунандаи истиқлолияти иқтисодиву сиёсū, тамомияти арзū, волоияти қонун ва фаолияти мунтазами макомоти ҳокимияти давлатū мебошад. Конститутсия барҳақ мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯст, номаи тақдири миллати созандаву сарбаланди тоҷик аст, ки роҳи ояндаи моро ба сӯи фатҳу кушоиши тоза, бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир асрҳои аср равшан хоҳад дошт. Тағйиротҳое, ки бо назардошти тараққиёти ҷомеа ба Конститутсия ворид гардидаанд, ин меъёрҳоро боз ҳам мукаммал намуда, барои расидан ба марҳилаи навбатии инкишофи ҷомеа, демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат намуданд. Ба шарофати арзишҳои башардӯстонаи Конститутсия имрӯз миллати тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати мутамаддин ва демократӣ эътироф гардидааст. Конститутсия дар бароварда гардонидани орзуву ормони халқи Тоҷикистон, пойдорию бардавомии давлатдории миллӣ ва сулҳу Ваҳдат кафили рушди устувори ҷомеа ва ояндаи дурахшони миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Муовини раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи иштирокдорони чорабинӣ расонд, ки дар он аз ҷумла зикр гардидааст: “Қабули Конститутсияи нав дар рӯзҳои баргузории Иҷлосияи тақдирсоз пеш аз ҳама барои Тоҷикистон аҳамияти дохилии ҳуқуқтаъсискунӣ, меъёрмуқарраркунӣ ва танзимнамоӣ дошт. Дар муҳокима ва қабули он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас аст. Сарвари давлат дар мавриди Конститутсияи мо чунин гуфтаанд: «Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд». Дар раванди ҷамъомади идона ба чанде аз фаъолон ва пешқадамони соҳаҳои гуногун сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии МИҲД-и шаҳр тақдим гардиданд. Дар ҷараёни барномаи рангини фарҳангū, ки манзури иштирокдорон гардид, тавссути оҳангу таронаҳои дилнишин Истиқлолияти давлатū, бахтномаи мукаммали миллат ва ормонҳои неки мардуми Тоҷикистон ситоиш карда шуданд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав