Дар шаҳри Исфара Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути

Дар шаҳри Исфара Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шуд, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо ба таври дастаҷамъона тамошо намуданд. Ҳамчунин дар ин рӯз ҳазорҳо нафар сокинон имкон доштанд аз тариқи чанд экранҳои калон дар кӯчаву хиёбонҳо ва телевизорҳо дар нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ аз ҷараёни ин рухдоди муҳиму нишотбахш ва таърихӣ огаҳӣ ёбанд. Иштироки фаъолонаи сокинони шаҳру деҳоти Исфара дар интихоботи президентӣ ва натиҷаи он бозгӯӣ аз он дошт, ки дар ин ҷо аксарияти мардум дар умури ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, таъмин намудани фаъолияти муназзаму босамари рукнҳои давлатдорӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, волоияти қонун, рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва боз ҳам беҳтар гардонидани шароити зиндагиву рӯзгорашон ба Пешвои муаззами миллат эътимоди қавӣ доранд ва ба хубӣ дарк мекунанд, ки дар ҳафт соли охир ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии давлат ва дар навбати аввал, бо мақсади муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагӣ барои мардуми кишвар хеле корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, нақшаҳои барои ҳафт соли оянда пешбинигардида барои рушди устувору бемайлони Тоҷикистони азизамон дар даҳсолаҳои оянда заминаи мустаҳкам мегузоранд. Аз ин ҷост, ки бештар мардумро дар маросими бошукуҳи савгандёдкунӣ изҳори меҳру садоқат ба халқи Тоҷикистон ва сари таъзим фуруд овардани Президенти мамлакат ва то нафаси вопасин аҳди хизмати содиқона кардан ба халқ ба таври амиқ муассир сохт. Дар Исфара ба хубӣ дарк мекунанд, ки ба ҷонибдории Пешвои муаззами миллат овоз додан ин ҳанӯз маънии тарафдории комилро надорад. Аз ин хотир дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо даъвати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо барои сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими 457 иншоотҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ба маблағи умумии 922 млн 968 ҳазор сомонӣ тасмим гирифта шудааст. Дар соли 2018 86 иншоот ва дар соли 2019 131 иншоот ба истифода дода шуда, давоми нуҳ моҳи соли равон аз 124 иншооти нақшавӣ, ки маблағи умумии онҳо 52 млн 450 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими 77 иншоот пурра ба итмом расонида шуд, ки ба 62,1%-и нақша баробар аст.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав