Боздид аз бозори марказии шаҳр

Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи фаъолияти Бозори марказӣ, ҳолати имрӯзаи санитарии марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, ҳамчунин сатҳи нарху навои маводи ғизоӣ муовини Раиси шаҳри Исфара Ҷаъфархӯҷа Ҳайдарзода бо ҳамроҳии масъулини дахлдори соҳаҳо аз Бозори марказии шаҳр боздид ба амал овард. Ҳангоми боздид муовини Раиси шаҳри Исфара сароғоз бо нарху навои маҳсулот, аз ҷумла нон, орду равған, биринҷу гўшт, меваҷот ва дигар маводи мавриди ниёзи мардум шиносоӣ пайдо намуд. Ҳамзамон бо боздиди бозор Ҷаъфархӯҷа Ҳайдарзода қаноатмандии худро аз фаровонии молу маҳсулот дар бозори марказии шаҳри Исфара изҳор дошта, ба масъулини сохторҳои масъули соҳаи савдо супориш дод, ки ҳамарӯза доири танзиму нигоҳдории нархҳои бозорҳои шаҳр тадбирҳои мушаххас андешанд ва ба пастравии нархи маҳсулот мусоидат намоянд. Ҳамзамон ба масъулини соҳаи беҳдошту санитарӣ, савдо ва Маркази Агентии "Тоҷикстандарт" дар шаҳри Исфара супориш дода шуд, ки нарху наво, сифатнокӣ ва бехатарии махсулоти гӯштиро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Дар ҷараёни боздид ва мулоқоту суҳбатҳо бо фурӯшандагон муовини раиси шаҳр иброз дошт, ки нишондодҳои дастурамали Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар самти беҳдоштӣ пурра риоя карда шаванд. Муовини раиси шаҳри Исфара Ҷаъфархӯҷа Ҳайдарзода инчунин ба маъмурияти бозор бобати риояи бечунучарои қоидаҳои беҳдоштӣ, фароҳамсохти шароитҳои созгор ба фурӯшандагону харидорон, ба талаботҳои муосир ҷавобгӯ ба роҳ мондани фаъолияти бозор ва барои корҳои ободонию созандагӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дода, таъкид дошт, ки зимни фаъолияти корӣ мунтазам корҳои безараргардониро анҷом дода, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемиявиро пурзӯр намоянд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав