Маҷлиси фаъолони шаҳр

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таҳти раёсати Раиси шаҳр Акрам Сулаймонзода ҷаласаи васеи фаъолони шаҳр бургузор гардида, натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро дар давоми 9 моҳи сипаригаштаи соли 2020 мавриди баррасии амиқу ҳамаҷониба қарор дод. Дар кори он муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту идораҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат варзиданд. Сароғоз оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр давоми 9 моҳи соли 2020 муовини Раиси шаҳри Исфара Оятулло Раҳматзода гузориш пеш овард. Тавре гуфта шуд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара давоми 9 моҳи соли 2020 тамоми имконияту захираҳои худро барои таъмини дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллū, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона намуд ва дар натиҷа рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар кулли соҳаҳо таъмин гардид. Дар нуҳ моҳи соли 2020 нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,2% иҷро шуда, ба буҷет 96 млн 44 ҳазор сомонӣ ва ё 217,7 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид. Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 98,4% иҷро шуда, ба буҷет 54,1 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 859,9 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ бо дарназардошти маҳсулоти сектори хусусӣ ва хизматрасониҳо 288,4 млн сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш 106,4% таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз тарафи корхонаҳои дар қайди оморбуда дар ин давра ба андозаи 100,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки ба 93,5%-и нишондиҳандаи нуҳ моҳи соли 2019 баробар аст. Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди афзоиши коркард ва содироти меваи хушк тадбирҳои амалӣ андешида шуда, корхонаҳои коркард ва бандубасти меваи хушк - ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Исфарафуд”, “Баракат Исфара”, “Оро Исфара”, “Экофрукт Исфара” ва “Висол Исфара” суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулотро аз 117,3% то 286,8% таъмин намуданд. Дар натиҷаи ин ва тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо соҳибкорони инфиродӣ содироти меваи хушк ба хориҷи кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 4073 тонна афзоиш ёфта, ба 9037 тонна баробар гардид. Дар раванди ҷаласа Раиси шаҳр Акрам Сулаймонзода аз масъулин дар алоқамандии камбудию норасоӣ ва мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла, оид ба раванди иҷрои нақшаи андоз, фаъолияти самараноки корхонаҳои саноатӣ, пардохти қарзи музди меҳнат, вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ, омодагӣ ба зимистони дарпешистода, анҷоми босифати кишти тирамоҳӣ, фаъолияти самараноки гармхонаҳо, муташаккилона гузаронидани маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пурсиш ба амал оварда, зимнан роҳбарони соҳаҳои марбутаро ҷиҳати таъмини самаранокии самтҳои фаъолият, иҷрои саривақтӣ ва босифати воридот ба буҷети давлатӣ, вусъати корҳои ободонӣ, иҷрои ҳадафҳои муҳим, таъмини рушди соҳаҳо ва ҳам омодагии комил ба мавсими зимистонгузаронӣ ва амсоли ин ҷиддан муаззаф намуд. Шаҳрдори Исфара дар фарҷом изҳори боварӣ кард, ки мардуми меҳнатдӯсти Исфара аз иҷрои вазифаҳои дар наздашон истода сарбаландона баромада, рушди воқеии иқтисодиву иҷтимоиро дар ҳамаи самтҳо таъмин намуда, ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии азизамон саҳми босазо мегузоранд. Дар маҷлиси фаъолони Исфара муовини раиси вилоят Баҳоваддин Баҳодурзода ширкат ва суханронӣ намуд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав