Хизмати Ватан – ифтихори шаҳрвандӣ

Қосимҷон Маҳмудов, фарзанди раиси ҷамоати деҳоти Кӯлканд Аббосиддин Маҳмудов бо хоҳиши худ барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафт. Қосимҷон Маҳмудов шунавандаи соли сеюми Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мегӯяд, ки ҳар ҷавон бояд аз мактаби шуҷоату мардонагӣ гузарад ва дар ҳифзи марзу бум ва осоиштагии кишвар саҳм гузорад. Ватан ҷойгоҳи муқаддасест, ки аҷдодони мо онро мерос гузоштаанд. Пас пос доштан, ҳимоя намудан ва азизу муқаддас доштани он барои ҳар яки мо ҳам қарз асту ҳам фарз,-гуфт ӯ зимни суҳбат. Боиси қаноатмандист, ки имрўзҳо дар қатори ҳазорҳо ҷавонони баору номус ва далеру шуҷои кишварамон ҷавонони ватандӯсти исфарагū низ ихтиёран барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ барои хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон камари ҳиммат бастаанд. Зикр кардан бамаврид аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизмати сарбозон дар ҳама қисмҳои низомии кишвар ҳамаи шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудаанд. Маҳз фароҳамсохти шароитҳои созгор дар қисмҳои низомū ба он мусоидат менамояд, ки кунун ҷавонон пурра бо ихтиёри худашон ё бо даъвати аввалини комиссариати ҳарбū ба комиссияи ҳарбӣ ҳозир шуда истодаанд. Ин албатта, шаҳодати ҳис намудани ўҳдадориҳои шаҳрвандӣ аз тарафи ҳар як сокини кишвар аст. Албатта, адо намудани хизмати ҳарбӣ барои ҳар як ҷавони баору номуси кишвари азизамон хеле муҳим аст. Маҳз, сарбози Ватан будан ин омўхтани дарси обутобёбӣ, матонат, ҷасорат ва ҷавонмардӣ мебошад.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав