Ҷаласаи ҷамъбастии КИ ҲХДТ

Бо иштироки аъзоёни кумиҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорон ва фаъолони ҲХДТ, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва намояндагони МИҲД-и шаҳр маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара доир гардид. Аз рӯи масъалаи аввали рӯзнома «Ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара ва ҷамъбасти фаъолияти Ситоди пешазинтихоботии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» раиси кумиҷроия Суруриддин Зиёваддинзода маърӯза намуда, оид ба ҳамаи паҳлӯҳои самтҳои фаъолияти кумитаи иҷроия дар нӯҳ моҳи соли 2020 ва фаъолияти ситоди пешазигтихоботӣ муфассал ҳисобот дод. Роҷеъ ба маърӯзаи мазкур муовини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар деҳоти Ворух Маҳмудҷон Ниёзов ва аъзои Шӯрои занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Шаҳло Абдуманонова ба музокира баромаданд. Муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён аз фаъолияти нӯҳмоҳаи кумиҷроияи ҲХДТ изҳори қаноатмандӣ намуда, баҳри ислоҳи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, вусъати корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, интизоми дохилиҳизбӣ, қабули босифати аъзои ҲХДТ, амалигардонии ҳадафҳои созандаи Барнома ва Оинномаи ҲХДТ, иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб дар мутташакилона доир намудани маъракаи даъвати тирамоҳӣ ва обуна ба матбуоти даврӣ дар назди ҳозирин вазифаҳои мушаххас гузошт. Дар маҷлис вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Дар интиҳо як гурӯҳ фаъолони ҳизб барои фаъолияти назаррас дар маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти ҶТ дар вазъи тантанавӣ бо Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара сарфароз гардонида шуданд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав