Шиносоӣ бо ҷараёни бунёди мактаби байналмиллалӣ

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Исфара Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо раванди корҳои ободонию созандагӣ, ки бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Исфара бо маром идома доранд, шинос гардид. Яке аз ин тадбирҳои ҷашнӣ ин сохтмони бинои мактаби байналмилалии «Академия контакт интернешнл» мебошад, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба ҷашни бузурги милливу давлатиамон, бо ташаббусу иқдоми соҳибкорони ватандӯсту саховатпеша Исроилҷон ва Нарзуллоҷон Ӯлмасовҳо сурат мегирад. Ба роҳбари вилоят итилоъ дода шуд, ки мактаби байналмиллали «Академия контакт интернешнл» барои 1600 нафар хонанда дар дубаст бунёд гардида, иборат аз сеошёна, таҳхона, 40 синфхонаи таълимӣ, ҳавзи шиноварӣ, толори замонавии варзишӣ ва дигар инфрасохтори муосири таълимӣ мебошад. Лоиҳаи иншооти бинои нави таълимӣ аз ҷониби меъморони КВД «Лоиҳакаш»-и шаҳри Исфара таҳия гардида, буҷаи лоиҳавӣ 30 миллион сомониро ташкил медиҳад. Айни ҳол 100 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб карда шудаанд. Тибқи нақша корҳои сохтмонӣ то моҳи августи соли 2021 ба охир расонида шуда, таълимгоҳ ба фаъолият оғоз хоҳад кард. Ҳамчунин дар ин ҷо барои 200 нафар хобгоҳ низ бунёд мегардад. Зеро дар ин мактаби замонавӣ аз дигар минтақаҳои кишвар низ толибилмон ба таҳсил фаро гирифта хоҳанд шуд. Раиси вилоят ба бунёдгарони иншоот бобати анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ дастуру тавсияҳои муфид дод.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав