Аломати рамзии даромадгоҳи шаҳри Исфара бунёд мешавад

Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода дар якҷоягӣ бо масъулин аз мавзеи бунёди аломати рамзии даромадгоҳи шаҳри Исфара боздид ба амал овард. Бино ба иттилои сармеъмори шаҳр Абдумубин Фаттоев аломати рамзии даромадгоҳ ба шаҳри Исфара дар шаҳраки Нурафшон, дар чорраҳаи Исфара - Кӯчкак - Хуҷанд ва Исфара - Нурафшон -Конибодом аз масолеҳи оҳанӣ сохта мешавад. Аз рӯи лоиҳа баландии иншоот 15 метрро ташкил медиҳад ва аз рамзи декоративии курраи Замин бо харитаи Тоҷикистон, ки қутраш ба 3 метр баробар аст, иборат хоҳад буд. Худи иншоотро 8 элементи секунҷаи сутунмонанд ташкил медиҳад, ки дар онҳо дар баландии дуним метр, дар ҳалқаҳои оҳанин навиштаҷоти "Хуш омадед" ва "Роҳи сафед" бо ҳарфҳои зарҳалӣ насб карда хоҳад шуд. Болотар аз навиштаҷоти мазкур панҷараи дорои нақшу нигори миллӣ насб карда мешавад, ки аз ҳунари волои ҳунармандони Исфара бозгӯӣ хоҳад дошт. Ҳамчунин чароғонкунии ороишии иншоот дар назар дошта шудааст. Арзиши лоиҳавии иншооти мазкур 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан