Рафти омодагӣ дар участкаи интихоботии №35

Имрӯзҳо дар шаҳру деҳоти Исфара чун дар саросари кишвар омодагиҳо баҳри дар сатҳи баланд ва муташаккилона доир намудани маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза мегиранд. Дар ин радиф аз ҷониби роҳбарияти осоишгоҳи Зумрад вобаста ба баланд бардоштани руҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидан дар маъракаҳои интихоботӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва таъмини талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи интихобот тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Бо ин мақсад дар участкаи интихоботии рақами 35, ки дар бинои Кохи фарҳанги «Шифокорон»-и осоишгоҳ ҷойгир шудааст, барои фаъолияти масъулини участка шароитҳои созгор фароҳам оварда шуда, корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботӣ роҳандозӣ мегарданд. Дар ҷараёни вохӯриву мулоқотҳо ба интихобкунандагон доир ба интихоб ва рушди давлатдорӣ, дар самти қабули санадҳои меъёр ҳуқуқӣ вобаста ба интихобот, иштироки фаъолона дар маъракаи сиёсӣ ва муайян намудани мавқеи худ ва оид ба мазмун ва бандҳои Эъломияи ҳуқуқи башар маълумотҳо пешкаш карда мешаванд. Ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани интихобот, ки ба санаи 11 октябри соли равон таъин гардидааст, дар участка тибқи нақшаи корӣ шароитҳои мусоиди овоздиҳӣ фароҳам оварда шуда, шиору овезаҳои даъваткунанда, лавҳаҳои иттилоотӣ ва аёниятҳои дигар насб карда шудаанд. Ҳамчунин участка бо маводҳои зарурии дастуриву варақаҳои тарғиботӣ таъмин гардидааст.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав