Омодагии участкаи интихоботии №15

Барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани намудани маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми октябри соли 2020 сурат мегирад, дар участкаи интихоботии рақами 15 омодагиҳо идома дошта, бо аҳолӣ оид ба иштироки фаъолонаи онҳо дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст. Зимни шиносоии гуруҳи эҷодии мо бо сатҳи омодагӣ ба интихобот дар ин участкаи интихоботӣ, ки дар бинои Кохи фарҳанги «Кимиёгарон» воқеъ гардидааст, аён гардид, ки воқеан ҳам участка бо дастуру маводҳои зарурӣ таъмин гардида, бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги сиёсии интихобкунандагон корҳои тарғиботию ташвиқотӣ роҳандозӣ мешаванд. Масъулини участка дар суҳбату вохӯриҳо муҳим будани ҳар як овозро дар интихобот ба сокинон фаҳмонида, зикр менамоянд, ки аз интихоби мову шумо ояндаи мамлакат вобаста аст. Аз ин рӯ, мо набояд нисбат ба тақдири ояндаи кишвар бетафовут бошем,-иброз дошт котиби участка Салимҷон Усмонов. Бино ба гуфти ӯ, дар ҳудуди участкаи мазкур 2279 нафар интихобкунандагон ба қайд гирифта шудаанд, ки 23 нафари онҳо бори аввал овоз хоҳанд дод.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав