ВОХӮРИИ МУфИд БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Гуруҳи таблиғотӣ бо сокинону интихобкунандагон дар толори муассисаи таълимии #26, #32 деҳаи Сароби ҷамоати деҳоти Сурх ва деҳаи Устомуллои ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара оид ба тавзеҳ ва тарғиби барномаи пешазинтихоботии номзади арзанда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии хотирмон доир намуданд. Дар вохӯрӣ Мирпоччоева Мавҷуда Қобиловна -собиқадори ҲХДТ, мушовири калони Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар в.Сугд, Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одил-мудири бахши фарҳанги шаҳри Исфара,Маҳмудзода Ҳакимхон -роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара суханронӣ намуданд. Зимни суханронии худ баромадкунандагон афзуданд, ки Барномаи амалкунандаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2013-2020 воқеъбинона ба таври шоиста амалӣ гардид. Аз ҷумла ҳадафҳои стратегии кишвар татбиқ гардида, ҳадафи чоруми стратегӣ индустиакунони мамлакат-саноатикунонии босуръати кишвар оғоз ва амалӣ гардида истодааст. Рушди иқтисодиёт ба ҳисоби миёна ҳар сол дар сатҳи ҳафт дарсад таъмин шудааст.Зиёда аз 1200 корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз карда ҳамасола 150000 ҷойи кории доимиву мавсимӣ таъсис дода шуда,шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ 50 % кам гардидааст.Сатҳи камбизоатӣ аз 38,3%-и соли 2013 то 26,3 % дар соли 2020 паст гардида,сохтои истеъмолии аҳолӣ тағйир ёфтааст. Дарозумрии шаҳрвандон аз 73 то 75 сол боло рафтааст. Таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи генофонди миллӣ, таҳкими саломатии мардуми кишвар, таъмини амнияти давлату миллат тақвият дода шуд. Содироти маҳсулоти ватании аз лиҳози экологӣ тоза бештар гардида,Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ табдил дода шуд. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳамчун дастоварди бузурги миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Муассисаҳои олӣ ва миёнаи таълимӣ, муассисаҳои томактабӣ, тиббӣ, бунёд гардиданд. Маъюбон, пиронсолон, ятимон пурра зери ғамхории давлат қарор гирифта, сатҳи некуаҳолии мардум ба тадриҷ боло рафт. Зикр карда шуд, ки ҳамаи сокинон-интихобкунандагони маҳалҳо бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар интихоботи Президенти кишвар санаи 11.10.2020 бо фарзандону пайвандони комилҳуқуқ , хешу ақрабо сарҷамъона иштирок намуда, ба номзади арзандаи хеш раъй диҳанд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав