Ҷаласаи ситоди обуна

Таҳти раёсати муовини раиси шаҳри Исфара Мадина Бобоиён ва бо иштироки аъзои ситоди шаҳрии «Обуна 2021», роҳбарони корхонаву муассисаҳо,идораву ташкилотҳо, масъулини мақомоти иҷроия ҷаласаи корū доир гардид. Сароғоз гузориши раиси ситоди шаҳрū, муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён нисбати ташкили маъракаи муҳими сиёсū дар соҳаҳои мухталифи шаҳру деҳоти Исфара шунида шуд. Аъзои ситод, мудири шӯъбаи ташкилӣ Манучеҳр Орифзода ва чанде аз ширкатдорони ҷаласа бобати муташаккилона гузаронидани маъракаи обуна ибрози назар карданд. Раиси ситоди шаҳрū Мадина Бобоиён бобати иҷрои бечуну чарои қарори раиси шаҳр «Дар бораи муташаккилона гузаронидани қабули обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявū, вилоятū ва маҳаллū барои соли 2021» ба аъзои ситод ва роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатū дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан