машварати корӣ

Дар толори маҷлисгохи мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода бо ширкати муовинони раиси шаҳр, масъулини воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳо, сарварони корхонаю муассисаҳо ва дигар масъулини соҳа машварати корӣ баргузор гардид. Сароғоз шаҳрдори Исфара ба ҳозирин прокурори тозатаъини шаҳр Салимзода Дилшод Мирзоро, ки бо амри Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин вазифа таъин гардидааст, ошно намуда, ба ӯ дар иҷрои вазифаи пурмасъулият бурдбориву комгориҳо таманно кард. Ҳамчунин мудири нави шӯъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр Маллаева Таборакхон муаррифӣ гардид. Сипас, муовини раиси шаҳр Оятулло Раҳматзода дар назди ҳозирин дар робита бо корҳои омодагӣ ба маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Кувваҳои Мусаллаҳ гузориш пеш овард. Дар ин радиф раиси шаҳр тамоми масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту идораҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки корҳои вобаста ба тарғибу ташвиқ байни аҳли ҷомеа ва омодасозии ҷавонон барои сафарбарсозӣ ба ҷузъу томҳои Артиши Миллиро вусъат бахшанд. Дар идомаи машварати корӣ муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён оид ба ҷараёни корҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» дар шаҳру деҳоти Исфара ахборот дода, аз ҷумла афзуд, ки МИҲД-и шаҳр оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар шаҳру деҳот тадбирҳои мушаххас андешида, ин масъалаи муҳимро пайваста таҳти назорати қатъӣ қарор додааст. Муовини раиси шаҳр таъкид дошт, ки вазъияти мазкур аз ҳар кадоми мо-масъулини дахлдор, бахусус раисони кумитаҳои маҳаллаҳо ҳушёрӣ, ҷасурӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, кумак ба нафарони бемор ва бурдани корҳои дурусти фаҳмондадиҳиро талаб менамояд. Зеро мо имрӯз пешорӯи имтиҳони ҷиддие қарор дорем, ки танҳо ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, роҳ надодан ба ваҳм, тарсу ҳарос ва риояи қатъии тавсияҳои табибон имкон медиҳад дар мубориза ба ин вирус дастболо гардем. Вобаста ба масъала ҳамчунин сардухтури Беморхонаи марказии шаҳр Тайибиддин Муҳаммедов андешаҳои хешро баён дошта, афзуд, ки то ба эътидол омадани вазъияти пандемияи коронавируси нав сокинони шаҳру деҳотро зарур аст, ки талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва Ситоди ҷумҳуриявиро доир ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намоянд. Таъкид шуд, ки роҳи асосии пешгирӣ ва гирифтор нашудан ба коронавирус риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва эҳтиёткорӣ аз ҷониби худи шаҳрвандон мебошад. Вақте ки чораҳои худэҳтиёткунии мардум, яъне бастани ниқоб ва тоза собуншӯ кардани дасту рӯ ва дигар чораҳо андешида шуданд, ҳолати гирифториҳо ба ин бемории хатарнок кам мегардад. Минбаъд гузориши муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён оид ба вазъи корҳои омодагиву ташкилӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , сардори Нозироти андоз дар шаҳри Исфара Шуҳрат Мирзоев доир ба вазъи иҷрои нақшаи андозҳо шунида шуда, ҷиҳати ҳалли мушкилотҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд. Ҳамзамон масъулин вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати вусъати корҳои ободонӣ, иҷрои саривақтӣ ва босифати воридот ба буҷети давлатӣ, фаъолияти самараноки корхонаҳои саноатӣ, кишти такрории зироатҳо, тақвияти корҳои тарғиботӣ вобаста ба пешгирии бемории коронавирус, муташаккилона доир намудани маъракаи обуна, омодагии корхонаву ташкилот ва муассисаҳои таълимиву тандурустии шаҳр ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, вусъати омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли ин ҷиддан тадбирандешӣ намоянд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав