Насли наврасро дар рўҳияи ватандўстиву хештаншиносӣ ба воя расонем

Дар маҷлисгохи МИҲД-и шаҳр мулоқоти раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода бо сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр доир гардид. Дар мулоқот Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода бо таъкиди асоси рушду нумўи ҳар як давлату миллат маҳсуб гардидани соҳаи маориф вазъи соҳаи маорифро таҳлил намуда, изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таваҷҷўҳу ғамхориро нисбат ба мактабу маориф яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додааст. Шаҳрдори Исфара бо баробари зикри сиёсати дурбинона ва маорифпарваронаи Роҳбари давлат, таъкид дошт, ки сифати таълиму тарбия бояд дар мадди аввал бошад, насли наврасро дар рўҳияи ватандўстиву хештаншиносӣ ба воя расонд. Зимнан гуфта шуд, ки вазифаи муассисаҳои маориф, пеш аз ҳама, андешидани чораҳои тарғибиву тарбиявии пешгирии қонуншиканӣ ва паҳншавии ақидаҳои ғайр, аз ҷумла экстремистӣ дар байни ҷавонону наврасон ва, сониян, равона кардани қувва ва ҷидду ҷаҳди ҷавонону наврасони ба ин ақидаҳо майлдошта ба сӯйи амалҳои нек, аз қабили бунёдкориву созандагӣ, башардӯстиву хештаншиносӣ, меҳнатдӯстиву меҳанпарастӣ, эҷодкориву саховатпешагӣ, хосатан ҳифзи марзу буми Ватан маҳсуб мешавад. Афкору ақида ки асосан дар оила ташаккул меёбад, дар ин раванд оиларо ҳам фаромӯш набояд кард, чунки тарбия дар оила ибтидо мегирад. Бо вуҷуди ин масъулияти мактаб дар тарбияи шахсият кам нест. Омӯзгорон бояд масъулияти тарбияи маънавиро бар уҳдаи худ бигиранд. Фаромӯш набояд кард, ки ақидаҳои ифротӣ баробари нашъа ба генофонди миллат зарбаи ҳалокатовар зада метавонад. Бино бар он баробари таълим ба тарбия ҳарчи бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоем ва ба гуфти Ҷаноби Олӣ, аҳли маориф тамоми неруву маҳорати худро барои тарбияи насли донишманду қобилиятнок, огоҳу бедордил, ватандӯсту ватанпараст ва шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму ахлоқи ҳамида сафарбар намоянд. Зеро насли наврас бояд бо ҳидояту раҳнамоии бевоситаи омӯзгорон рисолати шаҳрвандии худро эҳсос карда, маънои соҳиби давлати соҳибистиқлол будан ва бо меҳнати содиқона ободу зебо гардонидани онро хуб дарк намояд ва ин кори бузургро вазифаи имониву виҷдонии худ донад. Дар раванди мулоқот дар қатори дигар масъалаҳо ҳамчунин ба масъалаи татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Бояд тазаккур дод, ки дар рафти мулоқот байни шаҳрдори Исфара ва сарварони муассисаҳои таълимӣ бобати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, саҳм гузоштан дар ободониву созандагӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз қабили шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва бегонапарастӣ, ширкати фаъолонаи аҳли маориф дар ҷараёни омодагиҳо ба маъракаи интихобот ва ҷашни бузурги миллӣ- 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан