Ба истифода додани ҳавзи моҳипарварӣ дар ҶДММ “Рахшона”-и ноҳияи Ашт

Дар ноҳияи Ашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавзи моҳипарвариро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона” мавриди истиода қарор доданд. Масоҳати қитъаи замини хоҷагӣ 76,6 гектар, шумораи ҳавзҳо 22 адад ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 44,54 гектар мебошад. Ғунҷоиши ҳавзҳо дар як 1 гектар 2,5 ҳазор моҳӣ ва дар ҳамаи ҳавзҳо 101,8 ҳазор моҳӣ мебошад. Аз руи маълумоти роҳбари хоҷагии моҳипарварӣ Шуҳрат Мамадҷонов ҳавзи моҳӣ дар деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт ҷойгир буда, барои парвариши моҳӣ ва ба роҳ мондани соҳаи сердаромад хеле мувофиқ мебошад. Моҳиҳо аз Ҷамъияти саҳҳомии “Моҳии тоҷик”- и вилояти Суғд дастрас гардид. Дар кулҳои моҳипарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят асосан навъи моҳиҳои карп, пешонағафси сафеду ало ва амури сафед афзоиш дода мешавад. Даромад аз фуруши моҳиҳо як роҳи ғанӣ гардонидани буҷаи хоҷагиҳо ва беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии кормандони соҳа мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат “Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ” қабул ва дар амал татбиқ карда мешавад. Дар ҳудуди ҳоҷагӣ ба ғайр аз моҳипарварӣ дар майдони зиёда аз 30 га боғҳои меваҳои гуногун ва заминҳои корам ва парвариши юнучқа барои хуроки моҳӣ ташкил карда шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарони ҷамъият барои ташкили дурусти кор, рушд додани соҳаи моҳипарварӣ ва боғдорӣ, ки яке аз бахшҳои сердаромади иқтисоди миллӣ ба шумор меравад, дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд. facebooktwitter

Коментарияҳо

ltixveqbq

Ба истифода додани ҳавзи моҳипарварӣ дар ҶДММ “Рахшона”-и ноҳияи Ашт [url=http://www.g4seduh5lq05vv1iu8y82gc6r0954411s.org/]ultixveqbq[/url] ltixveqbq http://www.g4seduh5lq05vv1iu8y82gc6r0954411s.org/ altixveqbq

2020-10-31 01:31:12

Коментария гузоштан