ОБОДКОРӢ ВА МУМФАРШКУНИИ РОҲҲОИ ДОХИЛИ МАҲАЛЛАҲО ДАР ВОРУХ

Мардуми созандаю ободкори ҷамоати деҳоти Ворух ба таъмиру азнавсозӣ ва мумфарш кардани роҳҳои дохилии маҳалҳои зисти худ бо саҳми умум камари ҳиммат бастаанд. Дирӯз Раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим зимни сафари кории худ ба корҳои таъмиру мумфаршкунии 1,5 километр роҳи маҳаллаи Масҷиди Болои ҷамоати деҳоти мазкур оғоз бахшид. Раиси шаҳр қабл аз оғози корҳо бо сокинони маҳалла суҳбат ороста, аз ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру деҳоти Исфара ёдовар гашт ва ташаббусу иқдомоти созандаи мардуми деҳа, саҳмгузории муҳоҷирони меҳнатии ватандӯст ва соҳибкорони саховатпешаи бурунмарзии зодаи Ворух ва саъю кӯшишу саҳми сокинони ободкори деҳаро дар ҳалли муҳимтарин мушкилоти иҷтимоӣ ва ободонии маҳалли зист шоистаи таҳсин ва ибрату пайравиҳо арзёбӣ намуд. Мавсуф изҳори қаноатмандӣ аз он дошт, ки соҳибкорони эҳсонкору мардуми ободгари Ворух ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзуни роҳбарияти давлату ҳукумат корҳои созандагию ободониро дар муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳам таъмиру ободонии роҳҳои дохилимаҳаллӣ аҳлонаю дастҷамъона вусъат мебахшанд. Ҷоизи зикр аст, ки дар ташкилу пешбурди корҳо дар самти анзавсозӣ ва мумфаршкунии роҳи маҳаллаи Масҷиди Боло дар баробари соҳибкорону муҳоҷирин аъзои ҳар як оилаю хонавода ба қадри имкону тавон мусоидату саҳмгузорӣ доранд. Бино бар суханони раиси ҷамоати деҳоти Ворух Меҳринисо Раҳматова то ба имрӯз сокинони маҳаллаҳои Кӯчаи Қозии Гузар ва Кӯчаи Қозии Тидон низ дар масофаи беш аз 2 километр роҳҳоро таъмиру бетонпӯш намудаанд ва кор дар самти ободонии роҳҳо ва бунёду азнавсозии пулҳо бо иқдоми аҳолӣ беш аз ҳар вақти дигар тақвият ёфтааст. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара аз ҳавзаи интихоботии №15 Некзод Хоҷазода, ки дар чорабинии мазкур ширкат дошт, зимни сӯҳбат бо мо иқдоми неки сокинони маҳаллаи Масҷиди Болоро кори хайру муҳим дар самти ободонии макони зист шуморида, изҳори боварӣ аз он намуд, ки сокинони дигар маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Ворух низ якҷо бо вакилону фаъолон ва мардум чунин корҳои ободонию бунёдкориро дар маҳаллаҳои худ идома мебахшанд. Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Исфара

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав