СОҲИБКОРОНИ БУРУНМАРЗИИ ЗОДАИ ВОРУХ БЕМОРХОНАИ ДЕҲАРО ТАЪМИРУ ОБОД МЕКУНАНД.

Соҳибкорони саховатпеша ва муҳоҷирони меҳнатии зодаи деҳаи зебманзари Ворух, ки ҳамзамон бо пайдоиши хавфу хатари бемории сироятии Коронавирус COVID-19 дар ҷумҳурӣ аз аввалинҳо шуда ба хотири ҳифзи сиҳатии мардуми худ, бо ҷамъоварии зиёда аз 1 миллион сомонӣ маблағ баҳри муборизаи дастҷамъона бо ин пандемияи ҳамагир амалан силсилаи иқдомоти саривақтию чорасозро рӯйи кор оварда буданд, корро дар самти мустаҳкамнамоии пойгоҳи моддию техникӣ ва ободонии муассисаҳои табобатӣ идома мебахшанд. Раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим зимни боздиди хеш аз беморхонаи минтақавии Ворух ва ҳам Маркази саломатии деҳа ба натиҷаи кору амалҳои неку ободкоронаи то ин муддат анҷомдодаи соҳибкорони ворухӣ баҳои баланд дод. Тавре сартабиби Беморхонаи марказии шаҳр Таибиддин Мухаммадов ба раиси шаҳр гузориш дод, гуруҳи ташаббускори дар Федератсияи Россия созмондодашуда ҳамзамон бо сарҷамънамоии муҳоҷирону соҳибкорон аз ибтидои пайдоиши хатари коронавирус бо харидорию дастраснамоии доруворию лавозимот, таҷҳизоти тиббӣ, либосҳои муҳофизатӣ, маводи безараркунанда, инчунин бо назардошти зарурият ба сохтмони гармоба-ҳаммом, ҳоҷатхона ва утоқи махсуси ҷомашӯйӣ иқдом намуда, корҳои созандагиро дар ин самт саривақт ва босифат анҷом доданд. Айни замон бо саҳмгузории соҳибкорону муҳоҷирон таъмиру ободонии бинои кӯҳнасохти беморхонаи минтақавӣ, шуъбаҳои бачагонаю калонсолон ва Маркази саломатии деҳа сурат мегирад, ки иншоотҳои мазкур солҳои 60-70-уми асри гузашта сохта шудаанд. Инчунин, дар ҳудуди беморхона бо саъю эҳтимоми соҳибкорону мардуми хайрандеш бинои маркази ташхисӣ, бинои махсус баро гузаронидани амлиёти хатнаи писарбачаҳо ва дигар иншооти ёрирасон бунёд гардида, саҳни беморхона кабудизору роҳравҳои он сафолакпӯш карда мешаванд. Раиси шаҳр Акрам Сулаймонзода ҳамзамон бо боздиди иншоотҳои тозабунёд ва шиносоӣ бо рафти корҳои таъмиру ободонӣ ба масъалаи омодагии муассисаи табобатии мазкур ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода махсус таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, қаноатмандии хешро ба роҳбарияти ҷамоат, садорати беморхонаи марказии шаҳр ва намояндагони дар деҳаи Ворухбудаи соҳибкорони бурунмарзӣ баён дошта, зимнан хоҳиш намуд, ки сипосгузории самимонаи роҳбарияти шаҳрро ба соҳибкорону муҳоҷирони ватандӯсту эҳсонкори ворухӣ расонанд. Бино бар суханони яке аз фаъолони деҳа Ғафурҷон Ҷӯраев истифодаи мақсаднок ва босамари маблағҳои хайриявии соҳибкорони бурунмарзиро намояндагони дар деҳа будаи онҳо якҷоя бо сохтмончиён таъмин менамоянд. Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Исфара

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав