Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара

Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули шаҳрвандонро баргузор намуд. Акрам Сулаймонзода қабл аз баррасии масъалаҳои шаҳрвандон зикр дошт, ки қабули шаҳрвандон дар партави сиёсати мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ҳадафи он баррасии масъалаҳои муҳими сокинон ва ҳалли саривақтии онҳо мебошад. Боиси зикр аст, ки дар ҷараёни қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳр 10 нафар сокинон бо масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, таъмиру мумфаршкунии роҳҳо, нарасидани оби нӯшокӣ, идомаи таҳсил дар донитшгоҳҳо, муаммоҳои оилавӣ, кӯмаки моддию молиявӣ пазируфта шуданд. Бояд зикр намуд, ки дар ҷараёни қабули шаҳрвандон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Шамсиддинзода низ ҳузур дошт. Раиси шаҳр аз қабули шаҳрвандон натиҷагирӣ намуда, ба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супориш дод, ки ба ҳалли масъалаҳои шаҳрвандон эътибори зарурӣ дода, мушкилоти онҳоро сари вақт ҳал намоянд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав