Табрикоти Раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим ба ифтихори Иди саиди Қурбон

Фардо дар Тоҷикистони азизи мо яке аз идҳои шарифи мардуми мусулмон - Иди мубораки Қурбон, ки дар асл таҷассумгари эътиқоду имон, ғояҳои олии некию адолату инсондӯстӣ, рамзи раҳму шафқат ва меҳрубонӣ ба атрофиён мебошад, таҷлил мегардад. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, бароятон аз даргоҳи Парвардигори олам имону амону тандурустӣ ва илму амалу фарохдастӣ, саломативу хушрўзӣ, хонаи ободу дастурхони пурфайз ва оромиву осоиши рўзгор мехоҳам. Иди Қурбон барои мо - мусулмонон барҳақ иди муқаддас маҳсуб меёбад, зеро, моҳияти аслии он наздикӣ ҷустан ба Худованд, шинохти зоти беҳамто ва яктои Ӯст. Ин иди табаррук, ки бар пояи ормонҳои башардӯстиву инсонпарварӣ ва шафқату бародарӣ зуҳур кардааст, зиёд аз ҳазор сол инҷониб одамонро ба корҳои хайру саховат ва амалҳои нек ҳидоят менамояд ва дар қалби ҳар фарди мусулмон ниҳоли меҳру муҳаббатро нисбат ба ҳамдигар сабз мегардонад. Боиси қаноатмандӣ ва шоистаи таҳсин аст, ки дастгирии моддӣ ва кӯмак ба эҳтиёҷмандон дар рӯзҳои ид дар Исфараи бостонӣ низ тадриҷан ба ҳукми анъанаи нек даромада, дар арафаи ин рӯзи саид аз ҷониби мақомоти давлативу ғайридавлатӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ, соҳибкорон ва шахсони саховатпешаву хайрандеши шаҳру деҳоти Исфара ба садҳо нафар ятимону бепарасторон, барҷомондагон ва шахсони камбизоату эҳтиёҷманд, аз ҷумла тарбиятгирандагони Хонаи бачагони шаҳраки Шӯроб кӯмакҳои моддӣ расонида шуданд. Бо истифода аз мавриди муносиб ман сипосгузории самимонаи худро ба он роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатӣ, соҳибкорони хайрандеш ва шахсони эҳсонкоре, ки аллакай ба шумори зиёди ҳоҷатмандону мўҳтоҷон, дасти мадад дароз кардаанд, баён менамоям. Боварии комил дорем, ки дар рӯзҳои ид низ низ кулли шахсони дорои мо дар баробари тоату ибодат, поси хотири гузаштагон, аёдати беморону пиронсолон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ҳамчунон камбизоатону ниёзмандони маҳалли худро беш аз ҳар вақти дигар дастгирӣ ва нисбати онҳо меҳрубонӣ хоҳанд кард. Ҳамшаҳриёни гиромиқадр! Тавре ҳар яки шумо огаҳӣ доред, тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа, таъмини бехатарии аҳолӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ дар Тоҷикистон дар рӯзи иди Қурбон баргузории ҳама гуна ҷамъомадҳо, гаштугузорҳо, инчунин идгардакҳо манъ карда шудааст. Вобаста ба шароити пешомада, Тибқи дастури Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як намозгузор дар вақти намози ид бояд дар манзили худ ба зикру ниёиш ва дуруду дуо машғул шавад. Аз ин лиҳоз, аз ҳар яки шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар рӯзҳои ид ва ҳам дар оянда танҳо дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ амал карда, қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, фосилаи байниҳамдигарӣ ва истифодаи ниқобҳои тиббии муҳофизатиро қатъиян риоя намоед, зеро ин шарти муҳимми ҳифзи саломатии пеш аз ҳама худи шумост. Дӯстони азиз! Аҷдодони хирадмандамон ҳикмати хубе ба мо мерос гузоштаанд, ки дар он чунин таъкид гаштааст:- «Ба дили ҳамдигар роҳ ҷӯед, ба ҳамдигар некӣ кунед! Зеро, ҳаёти ҷовидон дар ваҳдат ва саодати ҷовидон дар меҳру муҳаббат аст». Бо чунин гуфтори нек ва орзуву умедҳои наҷиб, бори дигар ҳар яки шуморо бо фарорасии Иди саиди Қурбон самимона муборакбод мегӯям. Таманнои онро дорам, ки Иди Қурбон бо файзу баракати азалии худ ба кишвари мо сулҳу сафо, пешрафту шукуфоӣ ва ободӣ ва ба хонадони ҳар як фарди равшанзамири Тоҷикистони азиз осоиш, фараҳмандӣ ва файзу баракат оварад. Идатон мубораку хуҷастапай бошад, ҳамдиёрони арҷманд!

Коментарияҳо

Коментария гузоштан