Дар ҷамоати деҳоти Кӯлканд вохӯрии

Дар ҷамоати деҳоти Кӯлканд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони деҳа доир гардид. Дар мулоқот вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддинзода Мавзуна , Мансурҷон Усмонов ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Карима Ҳакимова ҳузур доштанд. Дар оғоз муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён бо баёни ҳадафи мулоқот бобати омодагӣ ва ҷараёни корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги давлатӣ - 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирандешиҳо дар самти пешгирӣ аз вируси навъи нави КОВИД-19 дар қаламрави шаҳру деҳоти Исфара ва тақвияти корҳои мафкуравӣ ибрози назар намуд. Вакилони мардумū зимни баромади хеш оид ба дастовардҳои солҳои истиқлолияти давлатӣ, вусъати корҳои бунёдкорӣ, дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат, дастгирии иқдомҳои шоистаи шаҳрвандони кишвар, тадбирҳои муҳими омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тадбирҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус дар ҷумҳурӣ сухан ронданд. Зимнан гуфта шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти коронавирус дар мамлакат имрӯзҳо чораву тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар муроҷиатҳои худ ба сокинони мамлакат доир ба вазнин будани оқибатҳои ин бемории сироятӣ изҳори назар карда, зикр доштанд, ки ҳар як шахс, аз хурд то бузург бояд қоидаҳои беҳдоштиро дар ҷойи кор, ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву маҳалҳо ва манзили зист риоя намояд ва худро аз гирифторшавӣ ба ин беморӣ эмин дорад. Зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Роҳбарияти вилояти Суғд тамоми чорабиниҳои зарурии ташкилиро ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии пандемияи коронавирус “СOVID-19” андешида истодааст. Дар фарҷоми вохӯрӣ иштироккунандагон ба меҳмонон оид ба масъалаҳои гуногун суолҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан