НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ БОБАРОР

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрии Исфара маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара баргузор гардида, “Ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар шашмоҳаи аввали соли 2020 ва вазифаҳо барои шашмоҳаи дуввуми соли 2020”-ро мавриди баррасӣ қарор ёфт. Дар маърӯзаи ҳисоботии раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Суруридин Зиёваддинзода зикр шуд, ки соли равон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара фаъолияташро дар заминаи падидаҳои муҳими сиёсии кишвар ба роҳ монда, сокинони шаҳру деҳоти Исфараро ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят кард. Дар ин давра фаъолияти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, 12 Кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва 178 ташкилотҳои ибтидоӣ густариш ёфта, дар маҷлисҳои Раёсат Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, ташкилотҳои ибтидоӣ ва Конференсияҳо масъалаҳои ҳаётан муҳим ва мубрами рӯз мавриди омӯзиш, таҳлил ва баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҳизбӣ, бахусус, дар сатҳи баланди сиёсӣ доир намудани маъракаҳои сиёсии ибтидои сол иқдомҳои саривақтӣ рӯи кор омаданд. Бо мақсади таҷлили сазовори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои сол корҳои тарғибӣ, оид ба таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ва корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифт. Бо иқдоми ташкилоти ибтидоии ҲХДТ ба номи “Саидсултон Саидмуродов” бинои маҷлисгоҳ дар МТМУ №29-и деҳаи Сурх бо арзиши 105 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ҳизбиён ва ҷонибдорони онҳо ба истифода дода шуд. Ташкилоти ибтидоии “Заркӯҳ”-и деҳоти Хонобод ба сохтмони ташхисгоҳ дар маркази саломатии деҳа бо арзиши 150 ҳазор сомонӣ шурӯъ карда, аллакай наздик 50 фисади корҳоро ба анҷом расонид. Бо ташаббуси саривақтии аъзои раёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара, вакили Маҷлисҳои вилоятӣ Савриддин Раҷабов муассисаи таълимии №58-и деҳаи Чоркӯҳ бо маблағи 64 ҳазор сомонӣ таъмир ва азнавсозӣ карда шуд. Мумфаршгардонии 1,2 км роҳи маҳаллаи Гузари деҳаи Кулканд аз ҷониби узви фаъоли ҲХДТ Ҷамшед Бузуруков оғоз ва бо суръат идома дорад. Инчунин бо дастгирии ин саховатманд таъмири толори даромадгоҳи МТМУ №34 босуръат давом дошта, дар ҳамин муассиса аз ҷониби соҳибкор Амаков Миразиз майдончаи варзишӣ бо маблағи 90 ҳазор мавриди азнавсозӣ қарор гирифт. Бо саҳми аъзои раёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара, вакили Маҷлиси вилоятӣ Абдулмӯъмин Ҳалимов толори маҷлисгоҳи МТМУ №33-и ҷамоати деҳоти Кӯлканд ва МТМУ №71-и деҳаи Даҳанаи ҷамоати деҳоти Лаккон аз таъмири кулл, саҳни он сафолакпӯш, ҳуҷраи посбонҳо дар МТМУ №35 бунёд, МТМУ №61-и деҳаи Гулистон бо 40 адад миз ва 80 адад курсиҳои замонавӣ таҷҳизонида шуданд. Бунёди иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ бо дастгирии фаъолони ҳизб дар ҳамаи деҳаҳо ва маҳаллаҳои ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара бомаром идома дорад. Даҳҳо ҳамин гуна иқдомотҳои саривақтӣ аз ҷониби номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳриву вилоятӣ, ки дар мулоқотҳо бо интихобкунандагон арзи ҳастӣ намуда буданд, амалӣ шуда истодааст. Дар давраи ҳисоботӣ 258-нафар шахсиятҳои дорои фазилати баланди сиёсиву ташкилӣ ба сафи ҲХДТ қабул ва теъдоди ҳизбиён дар Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ба 15248 нафар расид. Аз ҷониби ситоди КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, бо усули “кӯча ба кӯча” ва “хона ба хона” аксияи ҳизбии “Пешгирӣ аз табобат беҳтар аст” дар 12 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва 29 маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр доир гардида, бо дастгирии вакилон беш аз 50000 адад ниқобҳои тиббӣ, 5000 адад дастпӯшакҳо, 5000 литр маводи антисептикӣ, 1580 адад либосҳои муҳофизатӣ, зиёда аз 50000 адад муроҷиатномаҳо ба сокинон дастрас карда шуданд. Дар шашмоҳаи аввали соли 2020 фаъолияти саҳифаи “ҲХДТ Исфара” дар Фейсбук ташаккул ёфта, ҳамарӯза маводҳои зарурӣ пешниҳод ва ба табъ мерасанд. Бахусус, вокунишҳо нисбати мақолаву тӯҳматҳои муғризонаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ. Дар кори маҷлис муовини раиси шаҳри Исфара муҳтарама Бобоиён Мадина Абдуяқинзода ва муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ иштирок варзида, вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбро ба давраи фаъолияти шаш моҳи оянда муайяну мушаххас намуданд. Дар интиҳо ба як гурӯҳ ҷавонон дар вазъи тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, фаъолони ҳизб барои дастовардҳои арзанда ба истиқболи 30-солагии ҲХДТ бо Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара сарфароз гардонида шуданд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав