АКРАМ СУЛАЙМОНЗОДА ДАСТАИ ФУТБОЛИ «ИСФАРА»-РО МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲИ ДОИМӢ, МУХЛИСӢ ВА ПУШТИБОНИИ ХУД ҚАРОР ДОДААСТ.

Ширкат ва ҳузури раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим дар раванди қувваозмоиҳои дастаи футболи «Исфара» варзишгаронро руҳбаланд сохтаву ба онҳо нерӯи тоза мебахшад. Аз ин ҷост, ки дастаи футболи «Исфара» рӯзи 17 июли соли равон дар майдони худ дастаи «Ҳосилот»-ро пазируфта, дар ҳузури шаҳрдори худ бо ҳисоби 2 бар 1пирӯзӣ ба даст овард. Бозии зебо ва 2 голи ба дарвозаи ҳариф задаи Мӯсоев Фирдавс табъи дӯстдорони ин намуди зебои варзишро болида сохт, ки дар қатори тамошобинон раиси шаҳр низ рост истодаву ба ифтихорашон кафкӯбӣ дошт. Қабл аз ин рӯзи 3-юми июл дастаи футболи «Исфара бо дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 2 бар 0 дастболо шуда буд, ки низ яке аз тамошобинони мусобиқа Акрам Сулаймонзода буд. Мавриди зикр аст, ки раиси шаҳри Исфара бегоҳирӯзии 30-юми июни соли равон дар варзишгоҳи марказии шаҳр бо аъзоёни Клуби футболи «Исфара» дидорбинию мулоқоти самимона ороста, бо зикри муҳиммияти футбол ҳамчун яке аз намудҳои варзиш боварию уммедвориҳои роҳбарияти шаҳр ва ҳамзамон омодагии худро ҷиҳати дастгирии моддию маънавии футболбозони шаҳр изҳор дошт ва ҳамчун рамзи эҳтиром ба аъзоёни даста либосҳои варзишӣ тақдим намуда буд. Бо қарори раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода барои дастгирии аъзои Клуби футболи «Исфара», ки соли равон дар Лигаи миллии Тоҷикистон байни 12 дастаи лигаи якум қувваозмоӣ мекунад, 150 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, дар оғози мавсими нав 50 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби клуб интиқол дода шудааст. Дар ҷаласаи Федератсияи футболи Исфара, ки рӯзи 8-уми апрели соли равон баргузор гардид, ҷомеаҳои меҳнатии шаҳр тасмим гирифтаанд, ки иловатан барои дастгирии молиявии футболбозон 375 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо хоҳанд кард. Хадамоти матбуотии раиси шаҳри Исфара

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав