Дар партави дастуру ҳидоятҳои

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза мегиранд. Бо мақсади бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ин санаи муҳими таърихӣ дар қаламрави шаҳру деҳот сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими зиёда аз 450 иншоотҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ба маблағи умумии зиёда аз 900 млн. сомонӣ пешбинӣ шуда, то имрӯз аксари иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Дар ин раванд сокинони ҷамоати деҳоти Кӯлканд низ ба пешвози ҷашни таърихӣ дар корҳои ободониву созандагӣ саҳми арзанда гузошта, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷалби соҳибкорон барои ободонии маҳал ҷаҳду талош карда истодаанд. Боиси қаноатмандист, ки густариши бунёдкориҳо дар деҳот бо иштироки васеъи сокинон, саховатмандон, соҳибкорон ба кори хайрхонаю дастҷамъона табдил ёфтааст. Чанде қабл дар деҳа яке аз иншоотҳои ҷашнӣ кӯдакистони хусусӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ин муассисаи томактабӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба зиёд намудани теъдоди муассисаҳои таълимии хусусӣ ва ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон аз тарафи соҳибкор Абдувақкос Нишонов ба маблағи 1 миллиону 260 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар он 150 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта хоҳанд шуд. Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ба амалҳои хайру ватандӯстона даст задани соҳибкорону афроди саховатпеша вусъат меёбад, ки он ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. Дар қатори бунёди дигар иншооти маданию маишӣ дар кори таъмиру барқарорсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳо низ саҳми соҳибкорони маҳаллӣ назаррас арзёбӣ мешавад. Аз ҷумла, сокини деҳа, соҳибкори саховатпеша Ҷамшед Бузуруков тасмим гирифт, ки 1,2 км роҳи маҳаллаи Гузарро аз ҳисоби маблағҳои пасандози худ мумфарш намояд. Ҷоиз ба зикр аст, ки мумфаршкунии роҳ, ки дар шафати он сокинони зиёд зиндагӣ менамоянд, бо иқдоми соҳибкор ва дастгирии сокинони маҳалла рӯи кор омада, ҳамагон аз ин кори хайри соҳибкори саховатпеша ва ин иқдомоти созанда гарм истиқбол намуданд. Ин кори хайрро соҳибкори дигари меҳандӯст Миразиз Амаков дастгирӣ намуда, иқдом дорад, ки 7,5 километр роҳи асосии деҳаро мумфарш намояд. Бояд тазаккур дод, ки соли гузашта бо саҳми боз ҳам ҳамин соҳибкори ободгар 5 километр роҳи ҳудуди деҳа низ ба пуррагӣ мумфарш карда шуда буд. Дар корҳои мумфаршкунӣ техникаву таҷҳизот ва кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр ҷалб гардида, онҳо ният доранд баҳри сифатан иҷро намудани корҳо мусоидат намоянд. Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ мардуми шарифи Исфара бо вусъати корҳои ободонӣ дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва корхонаву муассисаҳо ҷаҳд доранд ки ин шаҳри бостонӣ боз ҳам рушду тараққӣ ва зебову ороста гардад.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан